Нархи роҳхати ҳаҷ муайян шуд
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими имсолаи ҳаҷ 539 сомонӣ боло рафта, 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медиҳад.
Нархи нав дар натиҷаи тавофуқ ва шартнома бо ширкати хизматрасони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муайян гардид.
Кумитаи дин омили асосии болоравии нархи Ҳаҷро афзоиши қурби доллар гуфт, ки соли гузашта арзиши як доллари амрикоӣ 4,83 сомониро ташкил медод ва имсол то ба 4,97 сомонӣ боло рафтааст. Инчунин имсол таъмини суғуртаи зоирон низ аз ҷониби кумита ба роҳ монда шудааст.
Маблағи 18 ҳазору 164 сомонӣ чиптаи ҳавопаймо, маблағи раводид, иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се маротиба хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта, кӯмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ бар зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраро дар бар мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






