Пасандозҳои шахсони воқеӣ афзуданд
Душанбе, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Афзоиши бомароми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат аз баланд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Тавре ки аз нишондиҳандаҳои охир бармеояд, бақияи пасандозҳо дар қаламрави кишвар дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,8 фоиз афзуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, таҳлили моҳи май нишон дод, ки таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳоро 32,1 фоиз (1’869,5 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 67,9 фоиз (3’950,7 млн. сомонӣ) пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар моҳҳои январ-майи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,33 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,16 фоизи солонаро ташкил намуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






