Семинари омӯзишӣ дар Суғд

Июнь 18, 2014 09:21

Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии мухаддирот ва гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб» аз ҷониби намояндагони DEA-и ИМА дар ҶТ ташкил шуд. Семинари мазкур барои такмили ихтисоси кормандони АНМН дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот мусоидат хоҳад кард.Дар доираи семинар 16 нафар корманди Раёсати АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рӯи машғулиятҳои фаврӣ ва тактикии гуногун дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот омӯзонида мешавад.Сардори Раёсат Музаффар Ҳотамов зикр кард, ки гузаронидани чунин семинарҳо боиси беҳтар гаштани самаранокии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа мегардад.Имрӯз семинар ба кори худ хотима мебахшад.

Июнь 18, 2014 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад