Суғд: Хатми нахустин магистрантон
Душанбе, 19.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аввалин магистрантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров соҳиби дараҷаи «Магистри илмҳо» гардиданд.
Тавре ки мудири шуъбаи магистратураи донишгоҳ Расул Жӯлиев иттилоъ дод, тӯли ду сол аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров магистратура амал мекунад. Ҳоло дар магистратура муҳассилин аз рӯи 24 ихтисос дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Дар соли хониши 2013-2014 230 нафар довталабон ба магистратура қабул гардид.
Тибқи ҷадвали аттесатсияи давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои магистрӣ соли ҷорӣ дар 5 факултаи донишгоҳ барои магистрантони хатмкунанда аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин онҳо рисолаҳои магистрии худро дар назди ҳайати комиссияи аттестатсионии давлатӣ бо муваффаққият дифоъ намуда, дорои дараҷаи магистрӣ гардиданд. Инчунин дар 7 факултаи донишгоҳ супоридани имтиҳоноти комиссияи аттестатсионии давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои магистрӣ идома дорад.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки магистратура зинаи 2-юми низоми таҳсилоти олии касбии дузинагӣ буда, дар натиҷаи ислоҳоти сохтори маориф ба вуҷуд омадааст ва дар он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр, мутахассис) таҳсилро идома дода метавонанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






