Баъзе маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар тағйири ном мекунанд

Июль 17, 2014 08:32

Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шоми 16 июл дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои палатаи болоии Парлумони мамлакат доир гардид. Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ 52 масъалаи марбут ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сӯи субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, аъзои Шӯро 10 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор», «Дар бораи адабиёти таълимӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ» матраҳ намуданд. Ҳамзамон дар ҷаласа лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлону ноҳияи Файзобод ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ муҳокима гардиданд. Тамоми масъалҳои баррасишуда ҷиҳати муҳокима ва ҷонибдорӣ ба иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, пешниҳод гардиданд.

Июль 17, 2014 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид