Боздошти нашъаҷаллобон аз ҷониби милитсияи нақлиёт
Душанбе, 08.07.2014. (АМИТ «Ховар», Лойло Тоҳирӣ). — Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт, шаҳрванд Бадалов Бахтиёр Ҳасанович соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Турсунзода, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 кг 820 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Дар ин бора ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад.Сарчашма ҳамчунин хабар медиҳад, ки аз ҷониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, автомашинаи тамғаи “DEY Siello ”, таҳти идораи ронанда Мухторов Аслиддин Ҷурахонович соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон боздошт шуд, ки дар вақти азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили он 1 кг 640 грамм, маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






