«Нигоҳи пурмеҳр сӯи зан»
Душанбе, 17.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Нигоҳи пурмеҳр сӯи зан» таҳти чунин ном мизи мудаввар дар ноҳияҳои Спитамену Ашт ва шаҳри Қайроққум доир гардид.Дар мизи мудаввар зиёда аз 110 нафар занону ҷавондухтарон ва соҳибхоназанҳо аз ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳо иштирок намуда, дар он масъалаҳои зудбоварии занон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатхои экстремистӣ баррасӣ гардид.Дар мизи мудаввар аз ҷониби кормандони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи занон маслиҳатҳои муфид дода шуд.Баргузории чунин мизи мудаввар дар сатҳи минтақавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров низ ба нақша гирифта шудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






