Номаи меҳру сипос

Июль 23, 2014 08:00

Андар тани миллати куҳан ҷон омад. Бо ҳукми қазову амри Яздон омад. Аз баъди ҳазор соли навмедиҳо, Сомонии нав ба тахти Сомон омад. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, сарвари ваҳдатофари мардуми сарбаланди тоҷик!Аз моҳи апрели соли 2009 то инҷониб ба ҳайси мухбири минтақавии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар ВМКБ фаъолият дорам. Дар ин муддат дар доираи иҷрои вазифаи хизматиам ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда, бевосита шоҳиди сол то сол ободу зебо гардидани ҳатто дурдасттарин деҳоти вилоят гардидаам, ки сарчашмаи асосии ин ҳама ободиҳо маҳз аз ғамхориву дастгириҳои Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҷиҳати ободии манотиқи кӯҳистони кишвар ба ҳисоб меравад.Танҳо дар давоми ду даҳсолаи охир аз ҳисоби маблағҳои ҳукуматӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки дар баробари ободонии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.Зимни сафарҳои хизматиам ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бо одамони синну сол ва касбу кори гуногун вохӯрда, андешаҳои онҳоро дар бораи муҳимтарин дастовардҳои айёми соҳибистиқлолии кишвар ҷамъ овардаам. Аз сӯҳбат бо мардум маълум мегардад, ки ҳамагон кӯшиш доранд, то бо анҷом додани амали созандае сиёсати бунёдкоронаи Шумо, мӯҳтарам раҳнамои мардуми тоҷикро дастгирӣ созанду дар ободонии як гӯшаи Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол саҳм гузоранд.Дар идомаи ин номаи пур аз меҳру ихлосу самимият мехостам андешаҳои чанд нафар сокинон ва зодагони Бадахшонро манзуратон созам.Моҳбегим Сулаймонова- омӯзгор бо собиқаи кории зиёда аз 35 сол:“Солҳои 70-уми асри гузашта, ки айёми донишҷӯии мо маҳз ба ҳамон давра рост омад, барои аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе рафтан рӯзҳову ҳафтаҳо дар фурудгоҳ барои дастарас намудани чиптаи тайёра навбат меистодем, зеро он замон нақлиёти асосии байни шаҳри Хоруғ ва пойтахти кишвар ҳавопаймо ба ҳисоб мерафт. Дар фасли зимистон бошад, дар сурати номусоид будани боду ҳаво ҳангоми зарурат мардум маҷбур буданд, бо мошин тавассути ҳудуди ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон дар муддати 10-12 рӯз ба Хоруғ раҳсипор шаванд. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат, ки барои мардуми тоҷик ҳадяи Худовандист, рохи нақлиётгарди Душанбе- Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд, ки мушкилоти мардуми ин минтақаи кӯҳистони кишварро садҳо маротиба осон намуд. Имрӯз ҳар фарди хоҳишманд метавонад дар вақти дилхоҳаш аз Хоруғ ба самти Душанбе тавассути ин шоҳроҳи бузург ҳаракат намояд. Пас, чаро мо шукргузор аз чунин давлату давлатдорӣ набошем. Ҳар он нафаре, ки ба қадри ин ҳама ободиҳои даврони истиқлолият нарасад, носипос ҳаст.”Холисамоҳ Қосумбекова – собиқадори соҳаи савдо: “Қариб 50 сол дар соҳаи савдо фаъолият намудаам, ки қисмати беши ин айём бо даврони Шӯравӣ рост омад. Агар соҳаи савдои айёми соҳибистиқлолии Тоҷичикстонро бо он айём муқоиса намоем, фарқияте мебинем – аз замин то осмон.Дар он давра мардум чизҳои қиматбаҳоро танҳо тавассути шиносҳояшон метавонистанд аз анборҳои махсуси молнигоҳдорӣ (база) дастрас намоянд. Барои баргузории як тӯйи арӯсӣ ё домодӣ ду се сол интизор мешуданд, то ҷиҳози муносибе ҷамъ оранд.Боиси шодмонист, ки имрӯз ҳар сокини кишвар имкон дорад моли дилхоҳашро аз бозору мағозаҳои амалкунанда бемамониат дарёфт намояд. Дар баробари ин бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои мардум шароити савдои озод муҳайё гардид, ки дар айёми Шуравӣ он ҷиноят ҳисоб меёфт. Имрӯзҳо бисёр сокинони деҳот аз ҳисоби фуӯши меваю сабзавоти истеҳсоли худӣ рӯзгори худро пеш бурда истодаанд, ки маҳз бо дастгириҳои бевоситаи роҳбари инсондӯсту бечорапарвари тоҷикон ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми минтақаҳои кишвар амалӣ шуда истодааст. Аз ин серию фаровонии хони мардум бояд шукрона намуд, ки танҳо ва танҳо бо талошҳои пайвастаи Сарваи оқили мо, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст”. Камол Шанбезода – сарвари Маркази хизматрасонии иҷимоӣ барои кӯдакони қобилияти маҳдуд “Нур” :“Зиёда аз чил сол ба сифати табиби кӯдакон фаъолият намуда будам. Дар ин муддат бо кӯдакони гирифтори бемориҳои гуногун вохӯрдаам. Ҳар гоҳе ягон кӯдаки имкониятҳои ҷисмониаш маҳдуд (маъюб)-ро медидам, орзу мекардам рӯзе расад, ки чунин кӯдакони заиф аз ҷониби Ҳукумат, аз ҷониби мардум дастгирӣ ёбанд. Хушбахтона, ин орзуям амалӣ гардид ва имрӯз ҳар нафари имконияти маҳдуди ҷисмонидошта имкон дорад, ки дар қатори афроди солим кору таҳсил намояд.Роҳбари оқилу дурандеши мо-тоҷикон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон ва маъюбонро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат қарор дода, бо дастурҳои бевоситаю пай дар паи ин сарвари инсонпарвар нафарони дорову саховатманд ниёзмандонро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамоянд, ки боиси дилгармии онҳо ба зиндагӣ мегардад. Чун ман худам роҳбарии Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба кӯдакони маъюбро ба ӯҳда дорам, бо боварии комил гуфта метавонам, ки фаъолияти ин муассисаҳо яке аз дастовардҳои муҳиму бузурги даврони истиқлолият аст. Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро.Боз ёбад ҷаннати дарбастаро,- мегӯянд дар урфият ва хушбахтона, Президенти кишвари мо бо ҳар ятиму маъюб ва ниёзманд муносибати падарона дошта, кӯшиш бар он менамояд, ки ҳамаи онҳо таҳти ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат бошанд…”Зарифмо Асламшоева — кормани Шабакаи телевизионии CNN, зодаи ноҳияи Шуғнон, муқими штати Атлантаи ИМА:“Соли 1995 –ум бо ҳамроҳи аҳли оилаам бо дарёфти “баргаи сабз” ба Амрико кӯч бастем. Ҳангоме, ки аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Маскав парвоз кардан мехостем, моро ҳолати тарсу ваҳм фаро гирифта буд, ки оё мо дар кишвари бегонае зиндагӣ кардан метавонем??? Вале чун он солҳо дар Тоҷикистони азизи мо нооромӣ буд, худро маҷбур карда рахти сафар барбастем ба мулки бегона…Хушбахтона, баъди чандид соле, ки ба Тоҷикистон баргаштам, онро ба куллӣ дигаргун дарёфтам. Пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе, ки айёми донишҷӯиям дар он ҷо сипарӣ гардид, ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст. Биноҳои зебову баландошёнаи замонавӣ, гулгашту гулбоғҳои зебо ва муҳимтар аз ҳама фазои орому осудаи Ватани азизам- Тоҷикистон маро садчанд хурсанд намуду ашки шодӣ рехтам. Аз он эҳсоси ифтихормандӣ намудам, ки Худованд баҳри миллати сарбаланди ман раҳбару раҳнамое ато намудааст, ки тавонист дар муддати андаке зиёдтар аз ду даҳсола Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар шаваду бо талошҳои пайвастаи худ онро ба як макони зебову обод табдил диҳад. Ин ҳам бошад, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо, тоҷикони берун аз Ватан бо кору пайкораш ифтихор дорем.”Зайнура Азимхонова-сокини шаҳри Хоруғ:“Ҷавонону наврасони Тоҷикистон — зодагону парвардагони айёми истиқлол насли хушбахттаринанд, зеро соҳиби давлати озод, ҳаёти осуда ва роҳбари хирадпешаанд. Бо ғамхории бевоситаи Ҷаноби Олӣ ҳамроҳи хоҳару додарам, ки аз падару модар маҳрумем, соҳиби хона, ҷои кор ва шароити хуби арзандаи таҳсил гардидем. Имрӯзҳо нафарони зиёде маро духтари Ҷаноби Олӣ ном мебаранд, ки ман аз ин хеле ифтихор дорам. Барои як нафар ятиме, ки аз ғамхорию навозиши падару модар бенасиб буду боз тарбияи хоҳару додари хурдсолро ба ӯҳда дошт, магар аз ин ифтихоре бештар ҳаст??? Он ғамхорие, ки Роҳбари давлат нисбати мо — се нафар ятими бепадару модар кардаанд ва он дастгириҳое, ки нисбати дигар ятимону маъюбон ва ниёзмандон мекунанд, моро водор месозад, то бо кӯшиши беандоза барои саҳм гузоштан дар шукуфоиву ободонии Тоҷикистони азизамон саҳм гузорем. Шахсан худи ман тамоми кӯшишамро барои он равона месозам, ки дар ҷавоби дастгирии падаронаи Ҷаноби Олӣ барои ин давлату ин миллат фарзандвор хизмат намоям…”Хуҷабибӣ Лиқоева – сокини 80 солаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз: “Солҳои зиёде дар китобхона кор мекардам. Бо одамони гуногункасб вохӯрдаву ҳамсӯҳбат шудаам. Он ободиҳое, фарзанди банангу баори тоҷик, писари тамоми модарони тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон кардааст, таърих дар ёд надорад Ман модари хушбахтам, ки бо ин фарзанди азиз, фахри миллат дар зери чинори Дарвоз сӯҳбати рӯ ба рӯ доштам ва шеъре ҳам тақдимаш кардам: Писарҷонам, ҳамеша шод бошӣ. Зи ғамҳои ҷаҳон озод бошӣ. Ба мисли одамони номдоре Ҳама шогирд, худат устод бошӣ.Дуо мекунам, ки ин фарзанди асили модари тоҷик ҳамеша болои сари мардуми тоҷик бошад…”Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!Ин чанд порае буд аз сӯҳбатҳо бо одамони синну сол ва касбу кори гуногун, ки бо шукри беандоза аз Ватани ободу озод, ки онро ном-Тоҷикистон ҳаст ва пуштибонӣ аз сиёсати имрӯзаи Шумо, Сарвари ваҳдатофари тоҷикон саъй доранд то дар рушди соҳаҳои мухталиф дар кишвар нақшгузор бошанд.Агар ҳамаи он бунёдкориҳое, ки дар ин минтақаи кӯҳистони кишвари азизамонро, ки маҳз бо шарофати дастгириҳои бевоситаи Шумо амалӣ гардидаанд ва ҳама он суханони пур аз меҳру самимиятро, ки мардуми вилоят нисбати Шумо, роҳбари бунёдкору созанда арз медоранд, ба рӯи сафҳа орем, шояд моҳҳо камӣ мекунанд. Ман чун як зодаи ин диёри кӯҳсор ва чун як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол танҳо ҳаминро арз медорам, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарки масъулияти баланд ва ҳисси беандозаи ифтихори миллӣ сиёсати созандаву бинёдкоронаи Шуморо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, дастгирӣ намуда, баҳри боз ҳам ободу шукуфон гардидани хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон-Тоҷикистони соҳибистиқлол талош хоҳанд намуд. Ва: Хоҳем, ки ҳамеша бахт хандон бошад. Осуда тамоми Тоҷикистон бошад. Қалби ҳама тоҷикони олам, эй кош Равшан ҳама дам зи нури Имон бошад. То сулҳу салоҳи мо бувад поянда, Сомонии мо ба тахти Сомон бошад.Бо арзи эҳтирому самимият — Нилуфар Асламшоева. Мавзӯъ: Номаи меҳру сипос Ному насаб: Асламшоева Нилуфар Ҷой кор: Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон Кишвар: Тоҷикистон Шаҳр, ноҳия,деҳа: Шуғнон, Поршинев Кӯча, бино, хона: Пашор Рақами телефон: 93-510-67-76 E-mail^ nil-asl@mail.ru

Июль 23, 2014 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд