Вохӯрии Н.Зоҳидӣ бо Н.Шимомура

Июль 17, 2014 08:05

Душанбе, 17.07.2014 (АМИТ «Ховар»).- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ 16 июл Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба ҳузур пазируфт.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар татбиқи барномаву лоиҳаҳои идоракунии сарҳадот ва таҳкими инфрасохтори сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла атрофи ҳамкории ҷониби Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи идоракунии босамари сарҳадот ва ҳамкориҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистон ва Афғонистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Япония табодули назар сурат гирифт.Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаҳои идоракунии сарҳадот изҳор намуданд.

Июль 17, 2014 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад