Ҳамкорӣ дар бахши илму таҳсилот

Август 26, 2014 10:11

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). – Аз 25 то 29 август дар шаҳри Душанбе якчанд мизи мудаввар аз рӯи масоили таҳсилоти фарогир ва гузаштан ба таҳсилоти 12 — сола баргузор мегардад. Назар ба хабари Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ин чорабинӣ ба манзури омӯзиш, ҷамъбаст ва интишори таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ ва ҳамкории байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти миллии Қазоқистон роҳандозӣ шудааст.Дар кори мизҳои мудаввар намояндагони Академияи таҳсилот, Донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Пажӯҳишгоҳи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, ҳамчунин муовини аввали президенти Академияи миллии таҳсилоти Қазоқистон Одилхон Дуйсенбек ширкат доранд. 28 август маросими имзои Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши илму таҳсилоти байни Акдемияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи миллии таҳсилоти Қазоқистон баргузор мегардад.

Август 26, 2014 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар