«Истиқлолият»- иқдоми идонаи «Амонатбонк»
Душанбе, 19.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», бо мақсади ҷалби бештари маблағҳои озоди аҳолӣ пасандози нави муҳлатноки «Истиқлолият»-ро барои ҳамаи мизоҷон пешниҳод менамояд.
Бино ба иттилои сомонаи бонки мазкур, пасандози «Истиқлолият» ба муҳлати 1 сол қабул мешавад. Фоизҳои пасандози «Истиқлолият» бо асъори миллӣ 17%-и солона ва бо асъори хориҷӣ 15%-и солонаро ташкил хоҳанд дод.
Муҳлати қабули маблағҳо ба пасандози «Истиқлолият» аз 09 августи 2014 то 09 ноябр 2014 муқаррар шудааст.
Ин иқдоми «Амонатбонк» ба шаҳрвандон имконият медиҳад, то даромади фоизии маблағҳои худро таъмин намоянд. Акнун ҳамаи хоҳишмандон имкон доранд аз ин икдом истифода намоянд. Мизоҷон метавонанд ба ҳамаи филиалу марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






