Р. Холиқов: «Авиатсия воқеан пайвандгари тамаддунҳост»

Август 29, 2014 11:56

 
/Ба истиқболи 90-солагии авиатсияи тоҷик/
 
             «Авиатсияи гражданӣ симои кишвар аст. Дар шароити мустаҳкам намудани     пояҳои истиқлолият  саҳми он  дар пайвастани Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо тамаддуни  ҷаҳонӣ бебаҳо мебошад… Авиатсия фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро мепайвандад».
                                                                           (Эмомалӣ Раҳмон).
 
Душанбе, 29.08.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҳанӯз  90 сол қабл, аниқтараш 3 сентябри соли 1924, бори нахуст ҳавопаймои сохти олмонии Юнкерс Ф- 13, ки аз ҷониби сарнишинони тоҷикистонӣ  П. Комаров ва Р. Ахриев идора мегардид, аз Бухоро парвоз намуда,  ба Душанбе фуруд омад. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навро боз намуд ва ба таъсиси Рӯзи авиатсияи ватанӣ асос гузошт.3 сентябр, ки ҳамчун Рӯзи кормандони авиатсияи граждании кишвар таҷлил мегардад ва аз таъсиси ҳавонавардии кишвар 90 сол сипарӣ мешавад. Дар остонаи ин санаи таърихӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» мусохибае анҷом дод бо Рустам Холиқов, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:
           -Рустам Исуфович, қаблан Шумо ва дар шахси Шумо кулли кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро бо 23-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни  90 -солагии таъсиси авиатсияи тоҷик сидқан табрик намуда, ба Шумо  саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои  беназир орзумандам!
           Рустам Исуфович, то ҷое мусаллам аст, соли равон аз таъсиси авиатсияи тоҷик 90 сол сипарӣ мегардад, бигӯед, ки ҳавонавардони тоҷик,  дар маҷмӯъ, кулли  кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ин санаи таърихию фархундаро бо кадом дастовардҳо истиқбол мегиранд? Аз таърихи пайдоиши авиатсияи тоҷик ёдовар мешудед.
   — Ташаккур барои таваҷҷуҳатон ба ин санаи муҳим. Имсол авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 90- сола мешавад. 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Агар ба таърихи ҳавонавардии ватанӣ назар намоем, мебинем, ки Тоҷикистон ва авиатсияи гражданӣ ҳамнавоянд, яъне Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистӣ соли 1924 таъсис ёфт ва 3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти  идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва  Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ҳамон сол аввалин ҳайати Ҳукумати интихобшудаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз Бухоро ба Душанбе тавассути ҳавопаймо оварданд. Тӯли 90 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди як муҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Инфрасохтори фурудгоҳ тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, системаҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфту пеш рафт. Фурудгоҳи Душанбе, ки дар ибтидо як майдони хокии давраи радиуси 800 метра ва як заминкани бо қамиш  пӯшида дошт, то ба фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, системаҳои назорати парвозу нишаст ва толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расид. «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз метавонад тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел намояд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки соли 2013 калонтарин ҳавопаймои ҷаҳон Ан-225 «Мрия» дар ҳарими ҳавоии  Душанбе фуруд омад. Комёбию дастовардҳои соҳаи авиатсияи ватанӣ  дар ин муддат хеле зиёданд. Толорҳои фурудгоҳ вобаста ба шароити мавҷуда васеъ карда шуда,  сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ба маротиб боло рафт. Барои мусофирон толорҳои муқаррарӣ ва CIP хизмат мерасонанд. Шароити сабти ном, гузаштан аз муоинаи амниятӣ ва дигар воситаҳои назорат ҷорӣ шуд.  Хизматрасонии ҳавопаймоҳо мутобиқи дастурҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO-International Civil Aviation Organization), ки соли 1944 таъсис дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзояш аст, ба роҳ монда шудааст. Имрӯз фурудгоҳи Душанбе дар минтақа аз лиҳози  муҷаҳҳазоти  техникӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Тамоми намудҳои техника, механизм ва таҷҳизоти зарурӣ харид шудааст ва дар як соли охир парки техникии фурудгоҳ  75 % нав карда шуд. Системаҳои назоратӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар шакли нав ба роҳ монда, таҷҳизоти зарурӣ пурра харид шудааст. Дастоварди дигари соҳаи авиатсияи кишвар аз он иборат аст, ки ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ ба ҳавопаймоҳои замонавии «Боинг» -ҳо гузаштанд. Бояд гуфт, ки ин намуди ҳавопаймоҳо барои истифода ва идора хеле мувофиқанд. Хизматрасониҳои рӯизаминӣ ҳам ба ин намуди ҳавопаймоҳо барои фурудгоҳи мо дастрасанд.  
 -Дар зарфи 23 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи ватанӣ ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардидааст?
   -Тӯли солҳои  истиқлолият  пеш аз ҳама сохтори таркибии соҳаи авиатсия мутобиқи талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ дигар карда шуд. Яъне,  вобаста ба тағйири сохтори соҳа сохтори авиатсияи граждании мамлакат ба фурудгоҳҳо -«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва «Фурудгоҳи Қӯрғонтеппа», ширкатҳои ҳавопаймоӣ -«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр», «Ширкати таъминоти ғизо дар ҳавопаймо», «Тоҷикаэронавигатсия» ва «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» табдил карда шуданд.
Дар тамоми соҳаҳои мазкур дастовардҳо назаррасанд, яъне ин тарзи сохтории авиатсияи гражданӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ ва мувофиқи матлаб аст. Танҳо дар як худи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Масалан, ҳаҷми мусофирбарӣ ва интиқоли бору бағоҷ афзудааст ва соли сеюм аст, ки фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе ҳамасола зиёда аз як миллион мусофирро интиқол медиҳад. Танҳо дар соли 2013 тавассути фурудгоҳ  1 миллиону  228 ҳазор мусофир ва зиёда аз 2000 тонна бор интиқол дода шуд.
           — 21 июли соли равон бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷрои ваколатҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба уҳдаи Шумо вогузор карда шуд, ин барои Шумо душвор нест? Баъдан дар оянда тибқи ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди  муттаҳидшавии ду муассиса -ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК «Тоҷик Эйр» оё дар низоми сохторию идории муассиса тағйирот ба вуҷуд меояд?
— Аз душворӣ набояд ҳарф занем. Дар дунё кори осон нест. Ҳамаи  корро агар душвор гӯем, пас кадом кор осону саҳл аст? Муҳим он аст, ки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ ба ман бовар намуда, роҳбарии ширкати «Тоҷик Эйр»-ро вогузор кард. Ман то андозае, ки қудрату тавоноӣ дорам, бояд кор кунам, сазовори боварӣ бошам, мефаҳмам, ки мушкилиҳои фаннӣ вуҷуд доранд ва бо кумаку дастгирии ҳамагон метавонем ин мушкилиҳоро паси сар намоем. Дар чаҳор рӯзи корӣ мо тавонистем маоши семоҳаи кормандони ширкати «Тоҷик-Эйр»-ро  пардохт намоем, ҳавопаймоҳои мо акнун бе фурудоӣ дар кишварҳои дигар аз Душанбе то фурудгоҳи таъйингардида мерасанд. Хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо бидуни таъхир тавассути ҷадвали муайянгардидаи парвозҳо суръат мегиранд. Саъю талош дорем, ки роҳҳои ҳавасмандгардонии ҳайати парвозиро дарёфт намоем, хатсайрҳоеро кушоем, ки парвозҳояшон муфид ва даромаднок бошанд. Маркетинги ширкатро тақвият бахшем. Дар бораи сохтори идоравии ширкат ё фурудгоҳ дар Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорату идораҳои марбута дастур дода шудааст, ки  бояд нуқтаи назари худро ироа созанд, баъдан мо ба хулосаи қатъӣ меоем, ҳоло аз худ чизе гуфта наметавонам.
 -Фурудгоҳро дарвозаи шаҳр меноманд. Аз ин рӯ,  дар самти баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти  хизматрасонии фурудгоҳ роҳбарият ва масъулини ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» кадом корҳоро ба анҷом расонидаанд?
 — Дарвозаи кишвар гуфтани фурудгоҳ воқеъист, зеро ҳамарӯза ба Тоҷикистон меҳмонони хориҷӣ ташриф меоранд, ё худ ҳамватанонамон, ки солҳои зиёд дар кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ мекунанд, вақти бозгашт ба Ватан ба он дигаргуниҳою пешрафтҳо, пеш аз ҳама ба фурудгоҳ, навгониҳои он, сатҳи хизматрасонӣ баҳо медиҳанд. Албатта, мо ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон кӯшиш мекунем. Ба сардорони хадамот, шуъбаҳо дастури қатъӣ медиҳем,  то одоби муошират, муомила ҳамеша дар чаҳорчӯбаи меҳру шафқат ва илтифот сурат гирад. Тӯли як сол аст, ки дар фурудгоҳ таълими забони тоҷикӣ идома дорад, дар доираи он дарси таълим ва тарбия, одоби муошират ба кормандон омӯзонида мешавад. «Одобномаи корманди фурудгоҳи Душанбе» -ро қабул кардем ва ҳамчун дастури корӣ ҳар як коргар вазифадор аст, ки аз рӯи ҳамин «Одобнома» рафтор намояд. Дар сурати иҷро накардани дастурамали мазкур бо пешниҳоди сардори баст ё хадамот коргари фурудгоҳ аз ҷониби роҳбарият муҷозот мешавад.
      -Корҳо дар сохтмони терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар кадом сатҳ ҷараён доранд? Ин терминали нав кай мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад?
 -Корҳо дар терминали нави фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе дар арафаи анҷомёбианд. Бояд гуфт, ки сохтмончиён ва мутахассисони дигар, ки ба насб намудани дастгоҳҳои фурудгоҳӣ машғуланд, дараҷаи баланди касбӣ доранд ва насиб бошад,  3 сентябри соли равон,  яъне дар рӯзи  ҷашни 90- солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон терминали нав ба истифода дода мешавад.
-Сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳ кай оғоз мегардад?
-Баъд аз гуфтушунидҳо бо ҷониби сармоягузор, яъне Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) маслиҳат шуд, ки масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва баъзе тағйиру иловаҳое, ки ҷониби мо пешниҳод кард ва ҷониби JICA пазируфт, ин ҳам дар  қатори бунёди терминали боркашонӣ насб намудани системаи фурудоии автоматӣ, ки алъон дар фурудгоҳи Душанбе аз як ҷониб аст, корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ ба сохтмон шурӯъ мешаванд. Дар сурати бунёд ва роҳандозӣ намудани системаи автоматии фурудоӣ (ILS) ва (PALS) фурудгоҳи Душанбе метавонад аз ҳар ду ҷониб ҳавопаймоҳоро қабул ва  гусел намояд. Корҳои сохтмонӣ баъди тасдиқи  лоиҳа шурӯъ мегарданд.
   -Роҳбарияти «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бобати бо техникаю таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» кадом корҳоро ба сомон расонидааст?
    — Яке аз    масъалаҳои муҳими рӯз барои дилхоҳ фурудгоҳ ин бо техникаи зарурӣ муҷаҳҳ,аз будан аст. Хушбахтона аз рӯзи аввали кор дар фурудгоҳ мо тавонистем техникаи зарурии фурудгоҳро харид намоем. Ягон ширкати ҳавопаймоии замонавӣ бо фурудгоҳ бобати ҳамкорӣ шартнома намебандад, агар техника, механизм ё таҷҳизоти зарурии фурудгоҳ надошта бошад. Дар як соли охир 75% парки техникии  фурудгоҳ пурра навсозӣ карда шуд. Дар қатори техникаҳои истифодаи ҳамарӯза, техникаҳои махсус, аз қабили «Амбулифт» барои маъюбон ва бемороне, ки роҳ рафта наметавонанд, «Реамобил» барои хизматрасонӣ ба беморони вазнин ва ниҳоят вазнин, мошинҳои махсуси борбардори «Хайлодер», автобусҳои махсуси перронӣ, мошинҳои маҳлулпошанда ва дигар техникаю механизмҳои зарурӣ харид шудааст. Барои истифодаи ҳар як намуди техника ва механизм мутахассисони корозмуда ва таълимдида заруранд, мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ дар курсҳои бозомӯзии кишварҳои Русия, Фаронса, Малайзия мутахассисонро омода намоем.  
-Дурнамои рушди соҳаи авиатсияи ватаниро  дар оянда чӣ  гуна дидан мехоҳед? Кадом нақшаҳоро дар самти ташаккули бахши ҳавонавардии кишвар амалӣ гардониданиед?
   -Соҳаи ҳавонавардии ватанӣ ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти кишвар аст.  Авиатсия мушкилкушо, дастёр ва воситаи алоқаи зудамал  дар тамоми фасли сол маҳсуб меёбад. Тавре ки дар ибтидо гуфтем, дар як аср авиатсия ватанӣ аз ҳавопаймои аз чӯбу матоъ сохташуда дорои ҳавопаймоҳои ҷадиду муосир гардид, ки қудрати борбардориашон ба садҳо тонна расида, ҳазорҳо мусофиронро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик интиқол медиҳанд. Суръати парвози ҳавопаймоҳои замонавӣ аз суръати садо ҳам тезтар аст. Яъне, мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки солҳои наздик дараҷаи навсозии парки ҳавопаймоӣ ба маротиб дигар мегардад.  Ҳавопаймоҳои хурди миёнапарвоз ва калонҳаҷм мавриди истифода қарор дода мешаванд.  Дар назар аст, ки фурудгоҳҳои минтақаҳои кишвар пурра таҷдид шуда, парвозҳо мисли пештара ба навоҳӣ ва кишварҳои ҳаммарз  сурат гиранд. Дар мавриди ба истифода додани терминали нав  «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  симои худро пурра дигар мекунад, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба маротиб баланд бардошта мешавад, мусофироне, ки аз тариқи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвоз мекунанд, бовар дорам, ки аз хизматрасониҳои мо розӣ ва миннатдор мешаванд. Аз фурсат истифода бурда, ҷашни 90- солагии авиатсияи граждании кишварро барои ҳамватанон муборак мегӯям.
 
Ташаккур барои суҳбат
 
 Мусоҳиб  Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар»
 

Август 29, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд