Ш. Саид: «Имкониятҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон зиёданд»
Душанбе, 27.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон зимни баргузории ҳамоиши соҳибкории доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе баррасӣ гардид. Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи ин чорабинии иқтисодӣ гуфт, ки Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ имконияту шароитҳои мусоид дорад. Мавсуф доир ба низоми қонунгузории Тоҷикистон дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар ибрози назар намуда, таъкид кард, ки қонунҳои ҷории Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоягузорони хориҷӣ заминаи мусоидро фароҳам овардаанд. Ҳамзамон Шариф Саид афзуд, ки имкониятҳои Тоҷикистону Эрон дар самти рушди иқтисоду тиҷорат зиёд аст ва моро зарур аст, ки аз он ба таври самаранок истифода намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро тақвият бахшем. Дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ҳамзамон Ғуломҳусайн Шофеъӣ- раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, мадоин ва кишоварзии Эрон доир ба тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тиҷорат ва вусъат додани ҳамкориҳои утоқҳои бозаргонии Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуд. Раиси Утоқи бозаргонии Эрон гуфт, ки дар оянда бо иродаи Сарони кишварҳо ва мусоидати Утоқҳои бозаргонии Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар ба марҳилаи рушд хоҳад расид. Дар ҷараёни ҳамоиши соҳибкории доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон соҳимбкорони ҳар ду кишвар шарикони ҳамкори худро пайдо намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






