Суғд: 322 нафар тибқи квота донишҷӯ шуд
Душанбе, 21.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Зимни мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маорифи вилоят таъкид гардид, ки соли равон тавассути квотаи Президентӣ 1144 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмун иштирок намудаанд.
Аз ин миқдор 322 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул шудаанд.
Ҳамзамон ба масъулини вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки банақшагирии квотаро воқеъбинона ва тибқи талаботи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, ҷараёни ташкил ва баргузории одилонаи озмун барои дарёфти квотаро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






