Дастури Президент ба ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ
Душанбе, 3.09.2014.(АМИТ “Ховар” Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»,Вазорати нақлиёт, ширкатҳои ватании ҳавонавардӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии кишварро вазифадор кард, ки дар баробари навсозӣ ва пурра гардонидани парки ҳавопаймоҳо тавассути лизинг, ҷиҳати афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо ифтитоҳи хатсайрҳои нав барои парвозҳои мустақим ва транзитӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид кард, ки бобати баромадан аз бунбасти коммуникатсионии боркашонии ҳавоӣ дар самти сохтмони терминали боркашонии ҳавоӣ ҳарчи зудтар чораҷўӣ шавад. Мавриди зикр аст, ки алҳол дар Тоҷикистон 6 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ фаъолият дорад, ки аз он 4 ширкат ба мусофиркашонӣ ва 2 ширкат ба боркашонии ҳавоӣ машғул аст. Ҳамзамон дар Тоҷикистон 17 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ фаъолият дошта, парвозҳоро ба самтҳои гуногун тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






