Китобхонаи миллӣ соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Озмуни ҷумҳуриявии “Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол”, ки бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯи номгӯи “Китобхонаи сол” соҳиби “Шоҳҷоиза”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ гардид. Инчунин барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ, махсусан дар баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, хизматрасонии китобу китобдорӣ, тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб дар байни наврасону ҷавонон, донишҷӯёну устодон, баланд бардоштани тарбияи маънавии шаҳрвандон, ҳифзи нигаҳдории хазинаи гаронбаҳои миллат Китобхонаи миллӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Шоҳҷоиза ва Ифтихорнома бахшида ба “Рӯзи китоб”, ки ҳамасола 4 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






