Пешгирии фурӯши телефонҳои ғайриқонунӣ
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар анборҳои контейнерҳои нуқтаҳои савдо, ки ба соҳибкорон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Мингксинг, соли таваллудаш 1985 ва Лин Ру, соли таваллудаш 1985, тааллуқ дошт, муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ доданд, муайян гардид, ки дар дохили контейнерҳо телефонҳои тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мавҷуд буда, он дар маҷмӯъ 4 ҳазору 558 ададро ташкил дод. Номбурдагон ғайриқонунӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ телефонҳои мобилиро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, ба фурӯш баровардаанд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин Чен Мингксинг ва Лин Ру парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






