«Ситораи беназир» боғи Камолро навсозӣ мекунад

Сентябрь 5, 2014 10:28

Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Барои дубора таҷдиду навсозӣ намудани боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд ҳамроҳи мутахассисони ширкати «Ситораи беназир»-и Ҷумҳурии исломии Эрон мутахассисони тоҷик низ фаъолият доранд.
Тибқи иттилои масъулин корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар боғи фарҳангӣ — фароғатии маркази вилоят идома дошта, то имрӯз зиёда аз 7 миллион сомонӣ маблағ аз худ шудааст.
Дар айни замон дар ин мавзеъ корҳои сохтмонии бинои мақбараи Камоли Хуҷандӣ, бетонрезии таҳкурсии Хона — музей, девори атрофи иншоот, васли коммуникатсияи обу ташноб идома дорад.
Корҳои ороишӣ ва пардозгарӣ дар моҳи феврали соли оянда гузаронида шуда, то ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҷдиду навсозии боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар баробари ширкати эронии «Ситораи беназир» 5 ширкати дохилӣ — ҶДММ «Суғдсохтмон-1», ҶДММ «СМС», ҶДММ «Само», ҶДММ «ПССО-2», ҶДММ «Су-5» ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ фаро гирифта шуда ва наздик ба 150 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб  шудааст.
Гуфта мешавад, ки барои анҷоми ин корҳо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
 
 

Сентябрь 5, 2014 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид