Даври ниҳоии машқҳои тактикӣ
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 15 октябри соли 2014 дар машқгоҳи ҳарбии «Нурафзо»-и гарнизони ҳарбии вилояти Суғд даври ниҳоии машқҳои тактикии ҷузъу томҳои хушкигард, ки дар вилояти Суғд мустақаранд, оғоз гардид.
Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиа ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин машқҳо беш аз 50 адад техникаи зиреҳпӯш, артиллерияҳои худгард, навъҳои гуногуни тӯп, техникаҳои автомобилӣ ва зиёда аз 600 нафар хизматчии ҳарбии ротаҳои тактикии қисму воҳидҳои низомии гарнизони вилояти Суғд ҷалб мешаванд.
Машқҳои мазкур дар доираи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, ҳадафи онҳо сайқал додани омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва хуб аз бар кардани истифодаи лавозимоти ҷангӣ мебошад.
Машқҳои ҳарбӣ таҳти роҳбарии фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард Эмомалӣ Собирзода ҷараён гирифта, аз ҷониби сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиа Зариф Шарифзода назорат мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






