Муҳоҷирати меҳнатӣ-падидаи маъмули замона

Октябрь 9, 2014 11:43

 Душанбе, 09.102014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Имрӯз дар Воситаҳои ахбори омма ва умуман байни мардум истифодаи калимаҳои «муҳоҷир» ва «муҳоҷират» хеле маъмул гаштааст. Нафароне дар он ақидаанд, ки ин калима танҳо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар забони тоҷикӣ мавриди истифода карор гирифтаасту дар он замона мардум ба ҷои калимаи муҳоҷир-мусофир ва мардикорро истифода мебурданд.
Муҳоҷират ва зуҳуроти муҳоҷирӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим ба вуҷуд омада, дар асрҳои миёна одамон бинобар касалии вабо ва қашшоқӣ аз як ҷой ба ҷои дигар муҳоҷират мекарданд. Аз ҳамон давра одамон кӯшиш мекарданд, ки барои беҳтар намудани шароити зисти худ заминҳои киштбоб, инчунин наздик ба  об ва ҷои шикорро дарёфт намоянд. Маҳз бо шарофати муҳоҷирати мардум кашфиёти географӣ, шаҳру деҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Имрӯз муҳоҷират як раванди муҳим гаштаасту қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳоҷиронро қабул мекунанд ё баръакс интиқол медиҳанд. Ҳар давлат дар ҳар давру замон ҳодисаи муҳоҷиратро ба таври гуногун гузаронидааст. 
Масалан, дар солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ дар ҳамаи мамлакатҳои узви иттиҳод буҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, пастшавии сатҳи зиндагӣ ба вуҷуд омада, аз ҷониби дигар сиёсати «дарҳои кушода» ба миён омад. Дар Тоҷикистон ҳам дар солҳои ҷанги дохилӣ  мардуми зиёд рӯ ба муҳоҷират оварданд. Дар он давра бештари муҳоҷирон иҷборан манзилҳои зисти худро партофта, ба хориҷа рафтанд. Баъди ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан баргаштанд, иддае аз онҳо бо сабабҳои гуногун боз рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд. 
Дар мақолаи мазкур кӯшиш намудем, ки ба ҷиҳатҳои мусбати муҳоҷират равшанӣ андозем. 
Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ин як роҳи ворид намудани маблағ ба буҷаи оила буда, аз ҳисоби кор дар хориҷа муҳоҷир маблағ ба даст меоварад ва вазъи оилавии худро беҳтар мекунад, хона, мошин ва бевосита кулли лавозимоти моддии оиларо таъмин менамояд, инчунин фарзандонашро мехононаду маросими тӯйи онҳоро ба ҷо меорад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки бо роҳи муҳоҷират ҷараёни ҷаҳонишавии давлат низ суръат мегирад. Аз ҳисоботи Созмони Миллали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳати таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни кор технологияҳои навро аз худ мекунанд.
 Дар Тоҷикистон низ бисёр таҷҳизот дар ҳама соҳаҳо аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаасту на ҳамаи мутахассисон дар технологияҳои замонавӣ кор карда метавонанд. Аз ҳамин лиҳоз барои кор дар корхонаҳое, ки бо технологияҳои навин муҷаҳҳазанд, давлату ҳукумат маҷбур аст аз хориҷа мутахассис оварад. Муҳоҷирони меҳнатӣ  имкон доранд  дар хориҷа корро омӯхта, ҳамчун мутахассис ба ватан баргашта, аз уҳдаи ин корҳо бароянд ва бар замми ин дигар ҳамватанони худро низ омӯзонанд. 
Созмони байналмилалии  муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон дар ҷараёни Форуми ҳамватанони бурунмарзӣ, ки 24 июни соли равон доир гардид,  ҷалби диаспораҳои тоҷиконро  барои мусоидат дар рушди иқтисоди Тоҷикистон бо такя ба таҷрибаҳои СБМ дар таҳияи барномаҳои ҷалби диаспораҳо дар кишварҳои Африқо ба роҳ монд. 
Тавре ки Малика Ёрбобоева, корманди СБМ иброз дошт, онҳо нақша доранд, ки на танҳо намояндагони диаспораҳо, балки ҳамаи мутахассисони тоҷикеро, ки дар айни замон дар хориҷа кор мекунанд, барои рушди иқтисодиёт, фарҳанг, илм ва умуман ҳамаи соҳаҳо ҷалб намоянд. Олимону докторони тоҷик метавонанд дар Тоҷикистон аз тариқи шартнома семинарҳо доир намоянд. Ҳамватаноне, ки имконият доранд, метавонанд лоиҳаҳои иҷтимоиву тиҷоратиро маблағгузорӣ намоянд.  
Инчунин  солҳои охир  бо ҷалби муҳоҷирони соҳибкор чандин корхонаҳо дар Тоҷикистон сохта шуда, ҳазорон нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд ва ин иқдомро Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон низ дастгирӣ мекунад. 
Ба андешаи мушовири Бонки ҷахонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират Томас Ачакосо дар 25 фоизи маҷмӯи оилаҳои тоҷикон ақаллан як ва чанд узви оила дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва муҳоҷирати меҳнатӣ бевосита ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва паст намудани сатҳи камбизоатии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир нақши муҳим бозидааст. 
Ачакосо аз ҷумла, баён доштааст, ки Тоҷикистон имконият дорад дурнамои воқеии рушди устуворро доро гардад, агар ҷараёни муҳоҷиратро бевосита таҳти идораи самаранок қарор диҳад, зеро ҳар сол ба бозори меҳнат сафарбар гаштани зиёда аз 180 ҳазор қувваи кории нав боиси босуръат рушд ёфтани иқтисодиёт ва пайдо гаштани ҷойҳои нави корӣ хоҳад шуд.
Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, давлату ҳукумат  ба мушкилоти муҳоҷират диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар чанд соли охир байни Тоҷикистону Русия, ки қабулкунандаи асосии қувваи корӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад, бисёр созишномаҳо ба имзо расиданд. Ин созишномаҳо ба қадри имкон кори муҳоҷирони моро осон намуданд. Имрӯз муҳоҷири меҳнатие, ки ба таври қонунӣ вориди Русия гаштаасту ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро дорад, ба ягон мушкилӣ дучор намеояд. 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон на танҳо интиқолдиҳандаи қувваи корӣ, балки       қабулкунанда ҳам мебошад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2012 барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 800 квотаи ҷои кор ҷудо гардид ва дар ин робита ба шаҳрвандони хориҷӣ 5221 иҷозат барои кор, аз ҷумла, 2962 иҷозат ба шаҳрвандони Чин, 868 иҷозат барои шаҳрвандони Афғонистон, 267 иҷозат ба шаҳрвандони Эрон ва ғайра дода шуд. 
Дар замони кунунӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии  ҷаҳони  мутараққӣ  мубаддал шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион  нафар хоҳад расид. 
Тибқи иттилои сомонаи «Вопросик.Нет» дар таърихи 29 августи соли 2013 дар ҳудуди Федератсияи Русия 11,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба кайд гирифта шудааст, ки аз он 2,7 миллион нафар аз Ӯзбекистон, 1,6 миллион аз Украина, 1,2 миллион аз Тоҷикистон, 0,6 миллионӣ аз Озарбойҷону Қазоқистон ва Қирғизистону Молдова, 0,5 миллион аз Арманистон, 0,4 миллион  аз Беларус, 0,2 миллион аз Чин, 1,1 миллион аз ИА ва 1,2 миллион аз дигар давлатҳо мебошанд. 
Мутобиқи таҳқиқоти сомонаи  russian.china.org.cn  дар 23 соли охир тақрибан 10 миллион нафар аз ҳудуди Ҷумҳурии мардумии Чин рӯ ба муҳоҷират овардааст.
 
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҳатто шаҳрвандони давлатҳои мутараққӣ, аз қабили Русия низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.  Агар бештари тоҷикон ба Русия ба кор раванд, шаҳрвандони Русия ба давлатҳои Канада, ИМА, Олмон, Итолиё, Швейтсария ва ғайра муҳоҷират мекунанд. Бино ба иттилои сомонаҳои Русия  бештари шаҳрвандони Федератсияи Русия дар хориҷа дар соҳаҳои хизматрасонӣ, туризм ва савдо ба кор машғул мебошанд.  
Таҳлилгарони созмонҳои байналмиллалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ  меорад.  Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем. 
 
Акнун каме дар мавриди худи калимаи муҳоҷир, таърихи пайдоиш ва   умуман фарқи он аз калимаҳои  мусофиру мардикор маълумот медиҳем.
Ба ақидаи доктори илмҳои филологӣ Баҳриддин Камолиддинов калимаи муҳоҷир аз калимаи арабӣ гирифта шуда, решааш «ҳаҷр» мебошад. Маънои  «ҳаҷр» дур афтодан аз ватан, дар мусофират будан аст. Калимаи «муҳоҷират»  дар даврони собиқ шӯравӣ ҳам мавриди истифода қарор дошт. Ҳанӯз солҳои  ободкунии водии Вахш, ки  дар он минтақа аҳолӣ, алалхусус тоҷикзабонон  кам буданд, дар Тоҷикистони шӯравӣ сиёсати муҳоҷират ба миён омада буд.  Он  солҳо аз кӯҳистон, аз водиҳои Қаротегин, Ромит ва Фарғона бисёр тоҷикон барои ободкунӣ ба  Вахш муҳоҷир шуда омада буданд. 
Дар он замона ҳатто нафароне пайдо мешуданд, ки ихтиёрӣ муҳоҷир мешуданд. Чунин нафарон шахсони камбизоат, ятимон ва бепарасторон буданд, ки бо хоҳиши худ дар минтақаҳое, ки шароити хуб доштанд, муҳоҷир мегаштанду баъдан   дар ин макон соҳиби манзилу кор гашта, дигар ба мавзеъҳои зисти худ барнамегаштанд ва муқимӣ дар он ҷо мемонданд. Аз ин ҷо бармеояд, ки  муҳоҷир шахсест, ки барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии худ ва оилааш  аз ҷое ба ҷое ҳиҷрат мекунад.  
Аз ҷумла, Б. Камолиддинов ибораи «Шоми ҳиҷрон»-ро ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар эҷодиёти даҳонакии халқ ин ибора хеле зиёд истифода шудааст.
 «Мусофир аз субҳ то бегоҳ ба кор мушғул шуда, гузаштани вақтро намефаҳмад, ҳамин ки шом фаро расид,  вайро ғам зер мекунад, ки ин шабро вай дур аз ватану хешу табор чӣ тавр рӯз мекунад, аз ин рӯ  ба  ташвиш меафтад ва ҳаминро «шоми ҳиҷрон» ном гузоштаанд. Яъне, муҳоҷир шахсест, ки ҳиҷрон мекашад, дар ёди ватан ва хешу табор  азоби рӯҳӣ мекашад»,- мегӯяд Б.Камолиддинов. 
Калимаи  ҳиҷрат, муҳоҷират ва муҳоҷир  ҳанӯз дар ашъор ва осори шоирону нависандагони классикӣ ба чашм мерасид.
Назар ба қавли мудири кафедраи филологияи эроншиносии факултаи шарқшиносии ДДТ Умар Сафаров дар Эрону Афғонистон хам нисбат ба шахсони ба хориҷа рафта калимаи «муҳоҷир»-ро истифода мебаранд.  Дар Афғонистон шахси барои кор ба хориҷа рафтаро муҳоҷири корӣ меноманд.
Бино ба гуфтаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология Қутбиддин Мухторӣ дар замони шӯравӣ ҳангоми дар ҷуғрофия ва таърих пайдо шудани илми нав  зарурати омӯзиши масъалаи «миграция» пайдо шуд,  ки ин мафҳумро аввал  «кӯчиш» ҳам номгузорӣ карда буданд.  Яъне,  «миграция народов»-ро ҳамчун  «кӯчиши халқҳо»  қабул  карда буданд. 
Истифодаи  калимаи «кӯчиш» дар мавриди муҳоҷират мумкин аст, вале калимаи «кӯчиш» ҳангоми истифода уқда, яъне гиреҳ  дорад ва ҳангоми талаффузи он шахс душворӣ мекашад. Як сабаби ворид шудани калимаҳои бегона ба забон ҳам ҳамин мебошад. 
Муҳаммадтақии  Баҳор дар нимаи аввали садаи ХХ дар асари «Сабкшиносӣ»-аш, вақте ки воридшавии  калимаҳои арабиро ба забони форсӣ-дарӣ таҳқиқ мекард, ба хулосае омад, ки  аввал ба забон калимаҳое ворид шудаанд, ки дар забони дарӣ набуданд ё ин ки онҳо ҷои   вожаҳоеро гирифтанд, ки талаффузашон душвор буд. Яъне, ҳар калимае, ки талаффузаш душвор аст, ҷои онро калимаи дигар гирифтааст. Дар мавриди калимаи «кӯчиш» ҳам чунин тағйирот ба вуҷуд омадааст, зеро талаффузи калимаҳои  «ҳиҷрат»,  «муҳоҷират» нисбат ба «кӯчиш» осонтар аст. 
Ба ақидаи мутахассисони соҳа мусофир шахсеро мегӯянд, ки аз ҷое ба ҷое бе ягон мақсади муайян ба сафар баромадааст. Инчунин мусофир  шахси дар роҳ монда, шахси роҳгузарро меноманд. Мусофир нафарест, ки муваққатан ба маконе  барои як ё якчанд рӯз омада, дар ин чанд рӯз аз тариқи кор ё талбандагӣ нон ёфта, баъдан боз ба ҷои дигар меравад. Муҳоҷир мақсади ниҳоӣ дорад ва барои амалӣ намудани ин мақсадаш  ба сафар баромадааст. 
Мардикор баръакси калимаи муҳоҷир ва мусофир буда, ба маънои хизматгор истифода мешавад.  Мардикор метавонад танҳо ба кори дастӣ ва  ҷисмонӣ машғул шавад.  Ин калима ҷузъан маънои муҳоҷирро ифода менамояд. Муҳоҷир метавонад ғайр аз корӣ ҷисмонӣ, боз бо корҳои фикрӣ ва зеҳнӣ фаъолият кунад. Мисоли оддии ин гуфтаҳо он шуда метавонад, ки  тоҷикон дар кишварҳои хориҷӣ на танҳо ба корҳои  сохтмонӣ, кӯчарӯбиву тиҷорат дар бозор машғуланд, балки имрӯз профессорони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи  Канада, Австрия, Британияи Кабир, Федератсияи Русия дарс мегӯянд, духтурони тоҷик дар хориҷа дар беморхонаҳо, ҳатто ба хайси сардухтур кор мекунанд, шодравон Ҳаким Давлатов -чемпиони 12 каратаи Украина, чемпиони дукаратаи Аврупо оид ба самбо низ тоҷик буд, ҳамчунин дар ҳудуди Русия чандин нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик фаъолият мекунанд ва боз садҳо нафар чунин тоҷиконро метавон номбар кард. Албатта, ин ҷо имкон даст намедиҳад, ки ҳамаи дастовардҳои тоҷиконро дар хориҷ аз кишвар баён созем. 
Танҳо ҳаминро хотиррасон бояд кард, ки мо набояд зери мафҳуми муҳоҷири меҳнатӣ шахсонеро, ки ба корҳои дуввумдараҷаву сеюмдараҷа машғуланд, фаҳмем. 
Ба андешаи Қутбиддин Мухторӣ, истифодаи калимаи муҳоҷир дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ, экологӣ, ихтиёрӣ, дохилӣ, мавсимӣ ба маврид буда, то замони ба ҷои ин калима пайдо кардани  ягон истилоҳи аслии тоҷикӣ, бояд он истифода шавад.  Ба фикри мусоҳиб пайдо намудани чунин калимае, ки ивазкунанда ва ифодакундаи  комили мафҳуми  «муҳоҷир» ва «муҳоҷират» бошад,  чандон кори осон нест.   Калимаҳои муҳоҷират ва муҳоҷир  ягон тобиш ё маънои манфӣ надоранд ва истифодаи онҳо ғалат нест. Ҳарчанд калимаи «ҳиҷрат» дар адабиёт баъзан ба маънои маҷозии «ҳиҷрат кардан аз олами фонӣ ба олами боқӣ» низ истифода мешавад.  
Бояд дар ин ҷо дар бобати навъҳои муҳоҷирон  низ каме маълумот диҳем. Тавре ки маълум аст, муҳоҷирро ба муҳоҷирони меҳнатӣ ё корӣ, мавсимӣ, экологӣ, ихтиёрӣ, дохилӣ, хориҷӣ ва ғайра тақсим мекунанд. Албатта, мафҳуми муҳоҷири меҳнатӣ ва ё корӣ ба ҳама маълум буда, зери ин мафҳум шахсеро мефаҳманд, ки барои дарёфти кор аз ҷое ба ҷое ҳиҷрат кардааст. Вале ин маънои онро надорад, ки ин шахс бояд аз ҳудуди кишвари худ берун равад, муҳоҷири меҳнатӣ метавонад шахсе бошад, ки аз деҳа  ба шаҳр ва ё ба дигар деҳа барои кор рафтааст. Яъне, чунин нафаронро инчунин муҳоҷирони дохилӣ низ номидан мумкин аст. 
Муҳоҷирони мавсимӣ шахсоне мебошанд, ки дар як вақти муайян  барои як мавсим ба кор мераванд. Имрӯз бештари муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба кори мавсимӣ машғул мешаванд ва пас аз анҷоми кор боз ба ватан бармегарданд.  Чунин нафарон бештар  ба кори сохтмон,  ҷамъоварии ҳосил  ва ғайра машғул мешаванд.
Муҳоҷирони экологӣ шахсоне мебошанд, ки аз сабаби бад будани вазъи экологии минтақаи зист ба ҷои дигар кӯчонида шудаанд. Солҳои  охир аз минтақаҳои хавфноки Тоҷикистон оилаҳои зиёд ба дигар ҷойҳо кӯчонида шуданд. 
Бино ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуллоҳи Қодирӣ,  тибқи нақша соли 2014 барои 300 оила, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, замин ҷудо гардидааст. Дар айни замон, аз ин миқдор 196 оилаи муҳоҷири экологӣ аллакай ба заминҳои бехавф кӯчонида шуд. Дар ВМКБ ба 38 оилаи муҳоҷири  экологӣ замин ҷудо гардида, 21 оила аллакай ба манзили нав кӯчид. Дар вилоятҳои Суғд ба 50 оила ва дар Хатлон ба 128 оила дар минтақаҳои бехавф замин ҷудо гардида, ҳоло 48 оилаи муҳоҷир аз Суғд ва 86 оила аз Хатлон пурра аз ҷойҳои бехавф кӯч баст. Аз муҳоҷирони экологии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҷамъ 84 оилаанд, 43 оила пурра дар  манзилҳои нав зиндагӣ доранд. 
Муҳоҷирони ихтиёрӣ гуфта нафаронеро меноманд, ки бо хоҳиши худ ба ҷое барои кор ё зиндагӣ рафтаанд ва бештари чунин муҳоҷирон дар оянда он ҷо муқимӣ мегарданд.  
На ҳамаи нафароне, ки аз ҳудуди ватан берун мешаванд, муҳоҷир мебошанд. Бояд  шахси барои  сайру тамошо ба хориҷа сафарнамударо  сайёҳ ва шахси  барои таҳсил  ба дигар кишвар  сафарнамударо  муҳассил гуфт. Албатта, ин ҷо калимаҳои мусофир ва сайёҳ метавонанд  ҷои ҳамдигарро иваз намоянд. 
Албатта, мафҳумҳои «муҳоҷират» ва «муҳоҷир» паҳлӯ ва навъҳои зиёд доранд ва мо наметавонем бо пешниҳоди андешаи чанд  мутахассис ҳамаи  онҳоро ошкор намоем. Вале ин ҷо кӯшиш ба харҷ додем, ки ба қадри имкон ба таърихи пайдоиши муҳоҷират, раванди  ин зуҳурот ва  калимаҳои муҳоҷиру мусофир ва мардикор каме ҳам бошад равшанӣ андозем. 
 

Октябрь 9, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд