Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ
Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Созмони Ҳамкории исломӣ (қаблан Созмони конфронси исломӣ) соли 1969 ташкил шуда, он аз 57 давлати мусулмоннишини Осиё, Африқо ва ҳамчунин Созмони озодихоҳи Фаластин иборат мебошад. Дар 38-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ки 28.06.2011 дар Қазоқистон баргузор шуд, Созмони конфронси исломӣ ба Созмони ҳамкориҳои исломӣ тағйири ном кард. СҲИ шурӯъ аз соли 1975 дар назди СММ мақоми нозирӣ дорад. Бошишгоҳи котиботи генералии СҲИ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир аст.Ҳадафҳои СҲИ чунинанд: таҳкими хамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои узв; мусоидат ва рафъи тамоми шаклҳои нажодпарастӣ ва мустамликадорӣ; татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод кардан ва ҳифзи ҷойҳои муқаддас; дастгирии муборизаи мардуми Фаластин, кумак барои барқарор кардани ҳуқуқҳо ва озод намудани сарзамини онҳо; дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои муҳофизати шаъну шарафи хеш; истиқлолият ва хуқуқи миллӣ; фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои узв ва дигар давлатҳо.Ин созмон дар раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши намоён дорад. Аз ин рӯ, бо дар назардошти нуфузи ин Созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият 1 декабри соли 1992 узви он гардид. Тоҷикистон мехоҳад, ки ин Созмон барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши устувор дошта бошад ва ба ин хотир омода аст, то бо кишварҳои узви СҲИ ҳамкории зич дошта бошад. Парлумони Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 Низомномаи нави СҲИ-ро тасдиқ намуд, соли 2007 Тоҷикистон узви Иттиҳоди парлумонии СҲИ гардид ва ҳамин тавр ҳамкории густардаи хешро бо сохторҳое, чун Бонки Рушди Исломӣ, Созмони СҲИ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), Палатаи иқтисоду савдо ва дигар ниҳодҳо пеш бурда истодааст. Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон аз 18 то 20-уми майи соли 2010 37-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни ин ҷаласа роҳбарии СҲИ ба уҳдаи Тоҷикистон ба муддати як сол вогузошта шуд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҷаласаи машваратии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ зиёда аз 100 ҳайъати гуногун — 57 ҳайъат аз давлатҳои узв ва 5 кишвари нозир, ҳамчунин созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар раванди ҷаласаи мазкур масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, илмиву технологӣ, фарҳангиву иттилоотӣ баррасӣ шуданд ва барои масъалаҳои мубрам хулосаҳои зарурӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва албатта, бо розигии кишварҳои узв се қатънома, аз ҷумла истифодаи захира ва имкониятҳои нақлиётии ҳамсоякишварҳои узви СҲИ бо мақсади эҳё намудани иқтисодиёти Афғонистон, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳони ислом қабул гардид. Табодули таҷриба ва иттилоот, устувор гардонидани ҳамкории минтақавию исломӣ дар ин самт, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони Ислом: назари умумии стратегӣ барои баррасӣ пешниҳод гардиданд.Дар давоми роҳбарии Тоҷикистон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ кишвар вазифаҳои пурмасъулро бо сарбаландӣ иҷро намуд, ки он обрӯи Тоҷикистонро дар ҷаҳони Ислом боло бурд. Тоҷикистон замони роҳбарӣ дар ҳамоҳангӣ бо Котиботи СҲИ ба рушди худи Созмон таваҷҷуҳи махсус медод. Дар он замон Тоҷикистон уҳдадор буд, то ба ташаббусҳои байналмилалии марбут ба СҲИ ва кишварҳои узви он фавран вокуниш намояд. Ҳамчунин дар ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои муҳим дар доираи Созмон, ки қабл аз роҳбарии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буданд, фаъол бошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур меомад барои баланд бардоштани обрӯи хеш ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешад ва дар давоми роҳбарӣ намуна бошад.Соли 2010 Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шуд, дар арафаи Иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ Форуми соҳибкорони кишварҳои исломӣ бо иштироки Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамчунин бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи амалиёт оид ба рушд додани ҳамкории СҲИ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Моҳи майи 2013 дар шаҳри Душанбе 38 -умин иҷлосияи Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ гузашт, ки он маъракаи муҳиме миёни Тоҷикистон ва СҲИ буд. Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар самти иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, пойдорсозии сулҳ эътироф гаштааст ва кишвари мо дар ғанигардонии фарҳанги исломӣ саҳми намоён гузоштааст. Хотиррасон мекунем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард ва он пагоҳ низ идома меёбад.Мақсади баргузории ин ҳамоиш тамаркуз кардан ба масъалаҳои рушди сармоягузорӣ ба иқтисоди он кишварҳо дар чаҳорчӯби нақшаи СҲИ дар Осиёи Марказӣ, ки соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустиро дар бар мегирад, мебошад.