Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 01.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри 2014 дар Пекин дар ҳошияи Вохӯрии чоруми вазирони корҳои хориҷии Раванди Истанбул оид ба Афғонистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Ван И баргузор гардид.