Аввалин амалиёти зиддимухаддиротии ҶМЧ ва ҶТ

Ноябрь 25, 2014 11:04

Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз  27 октябр то 21 ноябри соли  2014 аввалин маротиба дар ҳудуди ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин амалиёти муштараки зиддимухаддиротии фаврӣ — пешгирикунанда баргузор гардид. 
Мақсади асосии баргузории амалиёти муштарак — ин пешгирии қочоқи воситаҳои нашъаовар, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мегарданд ва аз тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мегарданд, инчунин қатъи   хатсайри эҳтимолии воридшавии маводи нашъаовар аз ҶМЧ  ба ҶТ буд.
Дар ин амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар, Кумитаи  давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки кишвар иштирок намуданд.  
Барои роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои ду давлат, ки дар ин амалиёт иштирок менамуданд, дар шаҳри Урумчии ҶМЧ Ситоди ҳамоҳангсозии  байналмилалӣ ташкил шуд. 
Дар натиҷаи амалиёти гузаронидашуда аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат 34 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, 38 нафар ашхоси даст ба ҷинояти мухаддиротӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. 
Аз муомилоти ғайриқонунӣ   181 кг  маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он  героин —   22 кг,   афюн — 18 кг   ва маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис — зиёда аз  140 кг-ро ташкил дод. 
Гузаронидани чунин амалиёт имконият дод, ки ҳалли масъалаҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ ҳалли худро ёфта, тақвияти механизми иҷрои ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротии байни мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  боз ҳам густариш ёбад.

Ноябрь 25, 2014 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид