Бунёди роҳи бо банд ҳаракаткунанда то НБО-и Норак
Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 18-уми ноябри соли ҷорӣ ба ду бунгоҳи саломатӣ дар деҳоти «Дуконӣ» ва «Пули Сангин», ки бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд, ҳусни ифтитоҳ бахшид. Д. Гулмаҳмадзода инчунин аз ду корхонаи саноатии сохташудаистодаи коркарди санг, истеҳсоли рег ва шағал дидан намуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси вилоят дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Сума Чакрабарти вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар соҳаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, коммуналӣ вакишоварзӣ баррасӣ намуд.
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пешниҳод намуд, ки бо дастгирии молиявии бонк дар шаҳри Норак барои ҷавонону наврасон «Аквапарк» ва роҳи бо банд ҳаракаткунанда то обанбори Норак бунёд шавад.
Сипас меҳмонон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуда, аз обанбори он дидан намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






