Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ
Душанбе, 20.11.2014.(АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- 24-уми ноябри соли равон дар Гимназияи №53-и ба номи Муҳаббат Маҳмудова чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ-Парчам ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар он устодон ва толибилмони гимназияи мазкур иштирок намуда, доир ба парчам ва ҳифзи он маърӯза менамоянд.
Шакли имрӯзаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд қабул шудааст. Бо қабули қарор дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вакилони халқ нахустин бор Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қаср парафшон гашт.
Соли 2009 бо ташаббуси Президенти мамлакат 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва минбаъд ҳамасола ба таври мутантан ин рӯз дар кишвари маҳбубамон ҷашн гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур соати 11:00 оғоз меёбад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






