Шиносоии гурўҳи Раванди Будапешт бо сохторҳои ХМ

Ноябрь 11, 2014 12:25

Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 10-уми ноябри соли 2014 шиносоии иштирокчиёни 5-уми Гурўҳи кории Раванди Будапешт — кишварҳои Шоҳроҳи абрешим бо сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.Дар ҷараёни мулоқот муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Толибҷон Шарипов ба таври муфассал дар бораи фаъолият, дастовардҳо ва таърихи Хадамоти муҳоҷират суҳбат намуд.Тавре ки аз шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи хадамот иттилоъ доданд, дар мулоқот аз ҷумла доир ба сохтори хадамот, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамъиятҳо байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.Баъди анҷоми мулоқот меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, ки дар масири Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад, дидан намуданд

Ноябрь 11, 2014 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад