Сохтмони корхонаи нави семент бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна хоҳад буд.Ин корхона дар муддати 1 сол аз ҷониби ширкати муштараки Ҷунг-Сай-Моҳир бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд хоҳанд ёфт.Аз ҷониби ин соҳибкорон то моҳи сентябри соли 2015 як мактаби нави замонавӣ ҳам сохта ба мардуми ноҳия туҳфа карда мешавад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки пас аз ба кор даровардани корхонаи семент дар ин ноҳия боз як мактаби замонавӣ барои 1300 хонанда дар ду баст ва як толори муосири варзишӣ бунёд намоянд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






