Суди конститутсионӣ фазои ягонаи ҳуқуқиро таъмин менамояд

Ноябрь 5, 2014 16:29

 

 
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, ҳуқуқшиноси шоистаи ҶТ, академики Академияи илмҳои ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор  Маҳкам Маҳмудзода оид ба хусусиятҳои муҳими Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Яке аз мақсадҳои заминавии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсияи муосир ва дар заминаи он эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ин ғояҳои муосири аз ҷониби умум пазируфташуда дорои характери универсалӣ буда, ба дилхоҳ низоми сиёсӣ ва идеологии халқиятҳое, ки дар раванди таърихии давлатдории ҷаҳон мавҷу¬данд, мувофиқат менамояд.  
 Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэъти¬моди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишо¬фи ҷомеа, бунёди давлатдории навин асос гу-зош¬та, дар заминаи он рушди бемайло¬ни дав¬лат, вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қону¬нияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд. 
Тибқи Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибих¬тиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина самти ҳаракати давлат ба роҳи эъмори давлат¬до¬рии навин равона гардида, барои татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳа¬лаи муҳими таҳкими ҳокимияти консти¬тут¬сионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, асос гузошт.   
Хусусияти муҳими Конститутсия дар он аст, ки вай аз як тараф Қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сар¬чаш¬маи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва баран¬даи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд. 
 Бо қабули Конститутсия, ки имрӯз аз он бист сол сипарӣ шуд, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфт. Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф карда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон намуда,  давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Бо мақсади татбиқи ин меъёри консти¬тут¬сионӣ ва амалигардонии принсипи байнал¬милалии инсондӯстӣ аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд, ки ин кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад.
Дар сатҳи ин ҳуҷҷати сиёсӣ бори аввал истифода гардидани мафҳуми таҷзияи ҳоки¬мия¬ти давлатӣ, ҳамчун нишонаи муҳими мавҷудияти демократия барои амалӣ гарди¬дани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёбанд.  
  Дигар падидаи муҳиме, ки барои ташаккули арзишҳои соҳибихтиёрӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ замина гузошт, ин дар сатҳи Қонуни асосии кишвар эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад.
  Аввалин маротиба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эъти¬роф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба си¬фа-ти қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон шуда, дар асоси меъёри мазкур то ба имрӯз Тоҷикистон аксари санадҳои байналми-лалиро оид ба ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризм ва  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф намуд, ки ин барои баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байнал¬милалӣ даст ёфтани он мусоидат кард.
Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷ¬ти¬моӣ эълон намуд, ки меъёри мазкур барои пешрафти иқтисоди миллӣ,  тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурус¬тӣ, мао¬риф ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт дастовардҳои назаррас ба даст омад.
Конститутсияи кишвар аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқти¬со¬дӣ, соҳибкорӣ, баробар¬ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқарар намуд, ки ин меъёр барои ташаккули муносибатҳои иқтисо¬ди бозоргонӣ ва ба маротиб афзудани сатҳи иқтисо¬дии кишвар мусоидат кард.
Вобаста ба ин гуфтан мумкин аст, ки дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар дарозои бист сол соҳаи иқтисодии кишвар рушд ёфта, давлати мо ба як марҳалаи тозаи тараққиёти устувори хеш қадам гузошта, се рукни аслии дурнамои рушди Тоҷикистон – таҳкими истиқ¬-ло¬лияти энер¬гетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқа¬ворӣ имрӯз дар остонаи қарни навин, дар сатҳи зарурӣ дар амал татбиқ мешавад.  
 Барои бемамониат фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қонунҳои зиёде, аз қабили «Дар бораи ҳизб¬ҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъия¬тӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодия¬ҳои динӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд.
Дар заминаи принсипи дунявияти давла¬ти Тоҷикистон бошад, Конститутсия таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқодро, ки ба зумраи ҳуқуқҳои табиии инсон мансуб мебо¬шанд, кафолат дода, онро дар маркази ҳимояи давлатӣ қарор додааст.
 Қабули Конститутсияи нави Тоҷикисто¬ни соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома ёфта истодааст. 
Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ, ки тибқи он дар таърихи сиёсии кишвар ба Конститутсия ду маротиба тағйи¬ру иловаҳо ворид  шуданд, парламенти думаҷлисаи доимамалкунанда таъсис ёфта, такмили мақо¬мо¬ти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар идома ёфта, ҳамчунин як зумра падидаҳои нав рӯи кор омаданд.
Ин ҳама навовариҳои конститутсионӣ барои ташаккули раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат шароити мусоид фароҳам оварда, барои ташаккули ғояҳои ҷомеаи шаҳр¬вандӣ ва давлати демократию ҳуқуқ¬бунёд мусоидат намуд.
Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Тоҷикистон дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демокра-тиву ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд. 
 Имрӯз дар ҷумҳурӣ мақоми махсуси назорати конститут¬сионӣ, яъне Суди консти¬тут¬сионӣ ҳамчун мақоми мустақили ҳокимия¬ти судӣ ва падидаи нави демократӣ баҳри ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия фаъолияти бомаром бурда, баҳри аз байн бурдани номувофиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия дар асоси муроҷиатҳои субъектони ҳуқуқ, волоияти Конститутсия ва фазои ягонаи ҳуқуқиро дар кишвар таъмин менамояд.
Новобаста аз ин, дар шароити муосир зарурати боз ҳам такмили қонунгузорие, ки муносибатҳои вобаста ба ҳифзи Конститут¬сияро танзим менамоянд, ба миён омада, коркарди механизми муосири ҳифзи ҳуқуқии Конститутсия ва амалисозии чорабиниҳои мухталиф оид ба мустаҳкам кардани реҷаи қону¬нияти конститутсионӣ дар кишвар зарур мебошад. 
Дар шароити муосир ҳамчунин зарур аст, ки ба сифати вазифаи муҳими сиёсати қонун¬эҷодкунии кишвар баланд бардош¬тани самаранокии қонунияти конститутсионӣ баро¬мад намояд.  
Имрӯз аз қабули Конститутсия 20 сол сипарӣ гардид, ки дар ин айёми начандон тӯлонӣ меъёрҳои волои ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, ки дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии эътирофшудаи ҷомеаи башариро таҷассум менамояд, барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиву ягона равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои неку созанда дар роҳи давлату давлатдории навин мусоидат кард ва  дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати амалишавии меъёрҳои он равона созем, зеро ин амал ҳамзамон нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад. 
-Аз фурсат истифода бурда тамоми мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи қабули Конститутсия табрик намуда, ба давлати ҷавонамон шукуфоӣ ва ба  сокинони он  риояи қонун, сулҳу  ваҳдат ва беҳбудиро орзу менамоям.   
 

 

Ноябрь 5, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад