Вайронии оилаҳо аз коҳиши маърифати оиладорӣ
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ бо занону духтарон вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷамъомади мазкур намояндаи кумита, бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва омӯзгорон дар бораи одоби ҷавондухтарон, маърифати зан ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб сухан гуфтанд.
Бино ба гуфтаи намояндаи кумита Мадина Бобоева ҳамаи мушкилоти ҷомеа аз оила сар мезанад. Имрӯзҳо вайроншавии оилаҳои ҷавон бисёр ба назар мерасад, ки сабаби он барвақт ба шавҳар додани духтарон ва огоҳ набудани онҳо аз маърифати оиладорӣ мебошад. Бархе аз падару модарон намегузоранд, ки духтарон то охир мактаби миёнаро ба итмом расонида, касб омӯзанд, ба мактабҳои олӣ дохил шуда, донишу малакаи худро сайқал диҳанд, то ин ки дар ҳаёти мустақилонаи худ аз мушкилиҳо ба зудӣ раҳоӣ ёбанд. Соҳиби илму дониш будани зан ҳатмист, зеро дар зиндагӣ танҳо зани бомаърифат метавонад хонадонашро обод кунад ва фарзандони ватандӯсту инсондӯст ба воя расонад.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






