Ҳолати мелиоративии заминҳо дар Кӯлоб
Кӯлоб, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Масъулини иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб барои бо об таъмин намудани 62 ҳазору 351 гектар замини кишоварзии хоҷагиҳо шартнома дошта, хоҷагиҳои деҳқониро сари вақт бо оби полезӣ таъмин менамоянд. Ба гуфти сардори иттиҳодия Амирхон Маҳсиддинов ҳоло барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ 22 адад механизм ба ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб сафарбар шудааст, ки ба тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо машғул аст. Манбаъ афзуд дар минтақаи Кӯлоб корҳои мустаҳкам кардани соҳилҳо низ идома дошта, аз ҷониби ҶДММ «Рамз» ва ҶДММ «Назрӣ» ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва сойи Тебалайи ноҳияи Муъминобод то соли нави мелодӣ пурра мустаҳкам мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






