Ҳушдори раиси шаҳр ба роҳбарони бозорҳои пойтахт
Душанбе, 02.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баргузории ҷаласаи шаҳрдорӣ роҳбарияти бозорҳои коммуналию хусусӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»-ро ҳушдор додааст, ки то 10 декабри соли равон нақшаи захираи маводи озуқавориро барои мавсими зимистон таъмин созанд. Дар ин росто ҳамзамон ба сохторҳои прокуратураи шаҳрӣ дастур дода шудааст, ки аз натиҷаи фаъолияти анҷомдодаи субъектҳои мазкур ба раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод созанд.
Дар ҷаласа ҳамзамон раиси шаҳр таваҷҷуҳи фаъолони пойтахтро барои дар мавсими зимистон сарфакорона истифода намудани неруи барқ ҷалб намуда, ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории хизматрасонӣ тавсия дод, ки ҷиҳати қонеъ намудани талаботи истеҳсолӣ аз сӯзишвориҳои қиёсӣ истифода баранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






