«Оила дар таърихи Осиёи Марказӣ»-симпозиум
Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Чанде қабл дар Донишгоҳи Ҳейделберги Ҷумҳурии Федеративии Олмон симпозиуми “Оила дар таърихи Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.
Дар симпозиум устодон ва олимони ҷавон аз макотиби олӣ ва марказҳои илмии 13 давлат: Тоҷикистон, Олмон, Англия, Фаронса, Русия, Ҳолланд, Полша, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Венгрия ширкат намуда, дар маҷмӯъ 20 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуд.
Дар чорабинии мазкур аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мардумшиноси варзида, дотсенти кафедраи таърихи ватан Муҳиддин Файзуллоев дар мавзӯи «Мақоми оила дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он» ва дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик Юсуфҷон Бобоев дар мавзӯи «Ангораҳои этнографӣ дар минералогия»-и Абӯрайҳон Берунӣ маърӯза намуданд.
Дар назар аст, ки пас ин конфронс алоқаҳои илмии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Ҳейделберг ба роҳ монда хоҳанд шуд, зеро роҳбарияти Донишгоҳи Ҳейделберг ба фаъолияти олимони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






