Вохӯрии Х. Ибодзода бо намояндагони Хадамоти ҳифзи ҷангалҳои ИМА

Декабрь 18, 2014 10:03

Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии кишвар 16 декабри соли равон вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо роҳбари Раёсати барномаҳои байналмилии Хадамоти ҳифзи ҷангалҳои ИМА Вал Мезанис, собиқ роҳбари раёсати мазкур Дейл Босворв ва мутахассиси ин хадамот Брэд Киндер баргузор гардид.Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагиҳои ҷангали ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вал Мезанис зикр намуд, ки майдони умумии ҷангалҳои ИМА 77 миллион га-ро ташкил мекунад ва аз ин шумора 60%-и он ба бахшҳои хусусӣ мутааллиқ аст. Дар Хадамоти ҷангали ИМА 35 ҳазор корманд фаъолият менамояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки Хадамоти ҷангали ИМА бо 90 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба масоили идораи парку мамнӯъгоҳ ва парваришгоҳҳо, инчунин омодасозӣ ва омӯзиши кадрҳо миёни Тоҷикистону ИМА табодули назар намуданд.

Декабрь 18, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид