Фаъолияти 36 муассисаи таълимии хусусӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар ҳоло дар ҷумҳурӣ 34 кӯдакистони хусусӣ, аз ҷумла 14 адад дар вилояти Суғд, 4 адад дар вилояти Хатлон, 12 адад дар шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Ваҳдат 1-то, Рӯдакӣ 2-то ва дар ноҳияи Ҳисор 1 адад чунин кӯдакистон фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 муассиса зиёд буда, дар онҳо 2431 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.Гуфта мешавад, ки соли таҳсили ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 36 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 10960 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.Ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 1184 нафар хонанадаи имконияташ маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 112 нафар духтар мебошад. То ҳол 742 нафари онҳо дар муассисаҳои таълимии махсус ва 442 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд дар синфҳои умумӣ бо кӯдакони солим таҳсил доранд.Дар ҷумҳурӣ 85 мактаб-интернат амал мекунад, ки аз ин шумора 14 мактаб-интернатӣ ҷумҳуриявӣ, 29 интернати наздимактабӣ, 29 мактаб-интернати шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва 5 хонаи кӯдакон имрӯз ба таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва камбизоат машғул мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






