Иштироки табибони Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО
Душанбе, 29.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Духтурони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонон) дар конфронси тиббии Конфедератсияи футболи Осиё иштирок хоҳанд кард.
Тавре ки дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, конфронси 5-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё аз 2 то 4 апрел дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии ин конфронси серӯза ташхис ва табобати ҷароҳат ва касалиҳои варзишӣ, чорабиниҳои зиддидопингӣ, инчунин ҳолатҳои пешгирии аз задан бозмондани дили футболбозон мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дар конфронси тиббии КФО, ки дар меҳмонхонаи «Jw Marriott New Delhi Aerocity» баргузор мешавад, садҳо нафар намояндагони кишварҳои Осиё иштирок хоҳанд кард.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






