Ислом Маҳмадшоев — вакили махсус дар мусобиқоти Ҷоми Осиё
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки комиссари Конфедератсияи футболи Осиё мебошад, вакили махсус дар мусобиқоти Ҷоми Осиё — 2015 таъйин шудааст.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё вакили махсус дар мусобиқоти марҳалаи гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Осиё — 2015 мегардад. Ин мусобиқот дар шаҳри Мелбурни Австралия баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар варзишгоҳи Мелбурн шаш вохӯрии марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти қитъавӣ баргузор гардида, 9 январ дастаҳои Австралия ва Кувейт, 11 январ дастаҳои Эрону Баҳрайн, 14 январ дастаҳои ҶМДК ва Арабистони Саудӣ, 16 январ дастаҳои Фаластин ва Ӯрдун, 18 январ дастаҳои Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ, 20 январ дастаҳои Ҷопон ва Ӯрдун бо ҳам вомехӯранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






