Мусодираи қариб 10 кг ҳашиш дар Мастчоҳ

Январь 7, 2015 09:59

Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ се нафар сокини маҳаллиро дастгир намуданд. Аз боздоштшудагон як адад сумкаи варзишӣ мусодира гардид, ки дар дохили он 9 баста бо маводи фишурдашудаи росткунчашакли бӯи махсус дошта мавҷуд буд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Суғд муайян намуд, ки маводи мусодирашуда ҳашиш буда, вазни он 9 кг 176 граммро ташкил менамояд.
Дастгиршудагон дар тафтишоти пешакӣ баёнот доданд, ки ният доштанд маводи нашъаовари ҳашишро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи гурӯҳи тафтишотии Раёсати агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон”) оғоз гардидааст.
 
 

Январь 7, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад