Такмили хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ
Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Назири Назир).- 9 январи соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти кори кумита дар соли 2014 доир шуд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ҷараёни кори ҷаласаи мушовараро ба ҳозирин шинос намуда, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Ҷалил Пиризода сухан гуфт. Дар ҷаласа сародорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои давлатии обуҳавошиносӣ, лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки кумита дар амалӣ намудани сиёсати давлатии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар соли 2014 корҳои назаррасро иҷро намуд. Дар натиҷаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 3 лоиҳаи грантии экологӣ амалӣ мешавад. Аз ҷумла, лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ”, ҷузъи “С” (Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки мақсади асосиаш аз баланд бардоштани сифати хизматрасонии иқлимӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ иборат мебошад, амалӣ шуда истодааст.
Инчунин дар доираи лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” корҳо идома ёфтанд. Ҳамзамон татбиқи лоиҳаи “Пурқувват намудани иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” бо дастгирии Бонки Рушди Осиё оғоз гардид.
Дар татбиқи сиёсати экологӣ дар мамлакат фаъолияти кумита ба таъмини иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатию соҳавӣ, таъмини амнияти экологии аҳолӣ, ҳифзу беҳдошт, истифодаи оқилонаи табиат ва барқароркунии он, назорати риояи меъёр ва меъёрҳои экологӣ равона шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






