Т. Гулов: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорӣ дар соҳаи об аст

Февраль 18, 2015 16:18

Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-    Захираҳои обӣ  сарвати бебаҳои  Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаи об дар ҷаҳон  ташаббусҳои зиёд нишон дода, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба ин неъмати бебаҳо ҷалб кардааст. Имсол ба ташаббуси  Тоҷикистон дар мавриди «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015» 10 сол пур мешавад. Чунин  ташаббус  барои  рушди  гидроэнергетикии кишвар чӣ натиҷа  дод ва  муҳимияти ин ташаббус дар чӣ ифода меёбад? 
Дар робита ба ин масъала бо  Тағоймурод Гулов-сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиб гардидем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:
 
         «Ховар»:  Нахуст мегуфтед, ки захираҳои обии кишвар аз кадом ҳисоб сарчашма  мегиранд?
 
         Т. Гулов: Асоси захираҳои обии Тоҷикистонро  пиряхҳо ташкил медиҳанд, ки ҳаҷми умумии онҳо 845 км3 арзёбӣ  мегардад. Теъдоди пиряхҳо дар ҷумҳурӣ ба 14 509 адад мерасад ва масоҳати умумии яхбандии онҳо 11 146 км2  мебошад. Тавассути қаламрави кишвар 947 дарё  ҷорӣ  мешавад, ки дарозии умумии онҳо беш аз 28 500 км аст. Иқтидори захираҳои умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон  527 млрд. кВт/соат дар як сол арзёбӣ  мегардад, ки се маротиба аз истеъмоли ҷории қувваи барқ аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ  зиёд  аст. Аз рӯи нишондодҳои нисбии иқтидори гидроэнергетикӣ  дар як километри мукааби қаламрави  кишвар ба ҳар як нафари аҳоли мутаносибан якум ва дуюм ҷойро дар  ҷаҳон дорост. Истифодаи муосири захираҳои гидроэнергетикӣ барои тавлиди тақрибан 17 млрд. кВт/с қувваи барқ дар Тоҷикистон дар як сол, ки қариб 3% аз иқтидори мавҷударо ташкил медиҳад, мусоидат мекунад.  
 
        «Ховар»:  Тоҷикистон  ҳамчун  кишвари дорои захираҳои зиёди обӣ то ин муддат дар ҳалли  мушкилоти об  чӣ ташаббусҳо нишон додааст?
 
         Т. Гулов:  Маҳз бо таклифи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид     дар  даҳсолаи  охир  Соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шуданд. Дар ин давра, шаҳри Душанбе борҳо мавзеи баргузории муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо оид ба ҳалли онҳо буд. Дар ин робита, диққати махсусро ташаббуси “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015”  тақозо менамояд. Яке аз муҳимтарин чорабиниҳои соли 2013 — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об буд, ки қариб 1300 иштирокчии беш аз 100 кишвар ва 70 созмони байналхалқиро ҷамъ овард. Конфронс кори худро бо қабули се санад ба анҷом расонид, ки уҳдадориҳо ва амалҳои ҷонибҳои гуногуни манфиатдор оид ба пешбурди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар бар мегиранд.
         Захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон комилан метавонанд асоси рушди устувор ва катализатори равандҳои интегратсионӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ шаванд. Маҳз дар ҳамин усул шиори асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соҳаи об асос меёбад: “Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад”.Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи об мебошад.
 
        «Ховар»: Пас чунин ташаббусҳо барои рушди гидроэнергетикии  кишвар чӣ натиҷаҳои назаррас додаанд?
 
        Т. Гулов: Аз рӯи захираҳои эҳтимолии умумии гидроэнергетикӣ  Тоҷикистон  дар  ҷаҳон ҷойи ҳаштумро пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Қисмати гидроэнергетика дар тавозуни энергетикии кишвар  беш аз 98%-ро ташкил медиҳад.  Дар  давоми даҳ соли охир дар ҷумҳурӣ неругоҳҳои хурду миёна, аз ҷумла неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда 1000 МВТ ба истифода супорида шуданд. Дар даҳсолаи охир як қатор барномаҳои давлатӣ таҳия шуданд, ки барои  баланд бардоштани  самаранокии истеҳсолоти кишоварзии мамлакат, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ, беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ва бо оби тозаи нўшокӣ таъмин намудани аҳолии кишвар мусоидат менамоянд. Аз  ҷумла:
1.   Барномаи беҳтар намудани таъмини  аҳолии ҶТ бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008-2020;
2. Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020
3. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011-2015;
4.  Барномаи барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашӣ;
5.   Барномаи беҳтар  намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014.
 «Ховар»:  Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар барои ҷамъбасти конфронси «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  “Об барои ҳаёт”  феълан чӣ нақшаҳо амалӣ мешаванд?
Т.  Гулов:  Дар айни замон Вазорати энергетика ва захираҳои об ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҷамъбасти татбиқи  “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015”, ки моҳи июни соли равон ба нақша гирифта шудааст, корҳои омодагӣ бурда истодаанд.  Дар конфронси мазкур талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои обӣ муайян мешаванд.
       Вазорат ҳамчунин дар раванди омодагии кишвар  ба форуми    7-уми ҷаҳонии об низ дар якҷоягӣ  бо дигар вазорату идораҳои  марбута  Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар айни замон ҷиҳати татбиқи он тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
 
        Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосӣ  дар самти баррасии масъалаи об дар ҷаҳон ба шумор рафта, таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид коҳиши оқибатҳои фоҷиаи баҳри Арал аз ҷумлаи ҳадафҳои он мебошад.
 

Февраль 18, 2015 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд