Тавсеаи робитаҳои Душанбе ва Сеул
Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Гардиши умумии савдои хориҷӣ дар соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея 53,1 миллион $ -ро ташкил дод, ки аз он 140 ҳазор $ содирот ва 53 миллион $ воридот мебошад. Ин матлабро 25 феврал Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи кишвар дар назди вакилони Парлумон зикр кард. Мавсуф, ки дар ҷаласаи навбатии Парлумони мамлакат Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро тавзеҳ дод, гуфт, ки ин санад 31 июли соли 2014 дар Душанбе ба имзо расидааст.
Бо дахли муҳимияти ин санад масъули намояндаи вазорати молияи ҷумҳурӣ афзуд, ки ҳадафи Конвенсияи мазкур муҳайё намудани шароит барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда ҷиҳати андозбандии даромад ва моликият танҳо дар яке аз давалтҳои аҳдкунанда ва бартараф намудани андозситонии дукарата мебошад.
Амалӣ намудани масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷалби сармоягузорони мутақобила дар байни давлатҳои аҳдкунанда афзоиш ёбад. Дар доираи Конвенсияи мазкур масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат табодули иттилотӣ байни мақомоти салоҳиятдор ба танзим дароварда мешавад.
Зимни тасдиқи санади мазкур Сафаралӣ Гулов-муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия афзуд, ки ба тасвиб раоснидани Конвенсияи мазкур ҷиҳати ҷалби сармояи Корея ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвари пешрафтаи осиёӣ мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Корея дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба густариш меёбанд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






