24 март-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сил

Март 24, 2015 09:59

 
Душанбе, 24.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 24 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил эълон шудааст, то аҳли ҷомеа огоҳ бошанд, ки дар бисёр гӯшаву канори ҷаҳон бемории сил ҳоло ҳам чун вабои ҷаҳонӣ боқӣ мемонад ва ҳар сол 2 миллион одамро аз байн мебарад. Паҳншавии сил ва шакли ба доруворӣ мутобиқгаштаи он таҳдиди ҷиддӣ ба тандурустии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти омории Маркази ҷумҳуриявии  мубориза бар зидди бемории сил, соли 2011 дар Тоҷикистон 7906 ҳолати бемории сил ва аз ҳар 100 000 аҳолӣ 6,6 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд. Дар минтақаи аврупоие, ки бо фаъолияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ фарогир шудааст, ҳар нӯҳ дақиқа шахсе аз бемории сил мефавтад.
 Мақсади асосии чорабиниҳое, ки ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил бахшида шудаанд, баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи сил,  роҳҳои сироятёбӣ, аломатҳо ва табобати ин беморӣ аст.
Сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил аст, ки бо роҳи қатравӣ ва ҳавоӣ паҳн мешавад. Имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон ба микробактерияи сил сироят ёфтаанд, ки зиёда аз ду миллиард нафарро ташкил медиҳад. Аз даҳ нафаре, ки ба микробактерияи сил сироят ёфтаанд, як нафар тӯли ҳаёти худ бемори шакли фаъоли сил мешавад. Сабабҳои асосии пайдоиш ва инкишофи бемории сил пайдоиши сирояти ВНМО, камбизоатӣ, авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ, бад шудани шароити маишию иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир (маҳбас, истеъмоли маводи мухаддир, тиҷорати шаҳвонӣ) ва муқовимати яроқноки дохилӣ мебошад. Тибқи иттилои сармутахассиси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сил Қурбонгул Зокирова, шумораи шахсони ба бемории сил гирифтор сол то сол афзоиш ёфта, дар айни ҳол беморони сили бори аввал бақайдгирифташуда дар ҷаҳон солона 8-9 миллион нафар мебошанд. Ҳаштод фоизи беморони силро ашхоси синнашон аз 15 то 50 ташкил медиҳанд.
Ба кишварҳои дорои сатҳи баланди бемории сил Ҳиндустон, Чин, Федератсияи Русия, Африқои Ҷанубӣ ва Бангладеш дохил мешаванд. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон, аз қабили сутунмӯҳра, устухон, буғумҳо, гурда, пардаҳои майнаи сар, чашм, пӯст ва ғайра, ба ҷуз аз нохун ва мӯйи сар, гирифтор мешаванд. Бештар ба ин беморӣ шуш гирифтор мешавад, ки хавфаш низ нисбат ба сили дигар узвҳо зиёдтар аст, зеро сирояткунандаи бемории сил аслан бо роҳҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ҳангоми суҳбат, атса задан ва туф кардани балғам ба инсони солим мегузарад.
Бино ба гуфти мутахассисон, барои аз бемории сил пурра шифо ёфтан ва пешгирии паҳншавии он муроҷиати саривақтӣ ба табибон ва табобати пурраи бемории сил хеле муҳим мебошад.
Нишонаҳои бемории сил сулфаи давомнокиаш беш аз ду ҳафта, дарди қафаси сина, нафастангӣ, хунпартоӣ, камшавии иштиҳо, лоғаршавӣ, бемадорӣ, арақкунии шабона ва баландшавии тӯлонии ҳарорати бадан (37-38 дараҷа) аст. Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои мазкур инсонро зарур аст, ки ҳатман ба духтур муроҷиат карда, барои муайян кардани беморӣ ташхиси микроскопии балғамро супорад. Дар ҳолати бемории силро нишон додани натиҷаи ташхис, бемор бояд табобати дурусти саривақтиро қабул намояд, ки бетанаффус ва на камтар аз 6-8 моҳро дар бар мегирад. Баъд аз ду моҳи табобат дар беморхона бемор мебояд боз на камтар аз чор моҳи дигар табобатро дар муассисаи тиббии маҳалли зисти худ зери назорати доимии коркунони тиб давом диҳад. Ин амалҳо ба бемор шифои комил дода, ӯро аз такрории беморӣ дар оянда эмин нигоҳ медорад. Дар ҳолати акс, беморӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ниҳоят марги инсон шавад.
Имрӯз барои табобати бемории сил дар Тоҷикистон шароити лозимӣ фароҳам аст ва шахси ба ин беморӣ гирифторро мебояд бо риояи реҷаи муайяншуда пурра табобат гирад. Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сили Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Раҷабов гуфт, ки имрӯз марказ бо тамоми ташхисгоҳҳову лабораторияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин бо сифати баланд натиҷаи ташхисро муайян мекунад. Масалан, дастгоҳи рентгение, ки дар марказ насб аст, дар муддати як дақиқа натиҷаи рентгенро тавассути принтер чоп мекунад. Зикр кардан бамаврид аст, ки тамоми ташхисҳо ройгон гузаронида мешавад. Ҳамарӯза аз 25 то 50 нафар барои аз ташхисҳои гуногун гузаштан муроҷиат мекунанд, ки аз онҳо гоҳе як- ду нафар гирифтори бемории силро пайдо мекунем.
 Бемории сил табобатшаванда  ва  пешгиришаванда аст.
Соли 1882  дар Олмон  Роберт Кох  пас аз  17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд,  ки онро батсилаи Кох (БК)  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани  балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард.  Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд.
БС аз инсон ба инсон  тавассути  ҳаво ва оби даҳон  паҳн мегардад.  Ҳангоми сулфазанӣ,  атсазанӣ  ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво ҷудо мешаванд.  Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.
Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд.  Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ  10%-ро ташкил медиҳад.  Аммо ба шахсоне,  ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо,  диабет ва ё тамокукашӣ,  хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин  беморӣ таҳдид мекунад.  
 Бемории сил бо вуҷуди ташхиси саривақтӣ, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад.
Табобати БС танҳо дар муассисаи махсус (диспансер)-и мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад.
  Бемории сил тӯли таърихи инсоният ҳазорон ҳазор одамонро аз байн бурдааст. Мо дар ёддоштҳои Айнӣ аз рӯзгори шоири соҳибистеъдод Ҳайрат  бохабар мешавем, ки қурбони ин беморӣ шуда буд. Илми тиб ҳамеша бо ин дарди вазнин саропанҷа буда, роҳҳои нави табобати онро кашф менамояд, вале ин мушкилот то ҳол аз мушкилоти сангини ҷомеа боқӣ мемонад. Ва сабаби асосии роҳи ҳалли худро пайдо накардани бемории сил ва  паҳн шудани он дар нотавонии илми тиб набуда, дар зеҳну тафаккур ва ҷаҳонбинии инсони муосир, хосса дар ҷомеаи тоҷикии мо мебошад.
 
 
 

Март 24, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд