6 рӯзи истироҳатӣ дар Наврӯз

Март 16, 2015 11:44

Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон 6 рӯзи истироҳат эълон шудааст. Бино ба иттилои Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар кишвар ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март таҷлил   мешавад. 
Аз он, ки рӯзҳои 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбе рост меоянд, рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳат эълон мешаванд. Ба ин тартиб, аз 21 то 26-уми март барои кормандони идораҳо рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд.
Бори аввал нест, ки аҳолии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз 6 рӯз истироҳат доранд. Соли гузашта низ дар иди Наврӯз барои аҳолӣ 6 рӯз истироҳат эълон шуд.
Дар умум бо шумули рӯзҳои шанбеву якшанбе дар моҳи март 14 рӯз истироҳат хоҳад буд.

Март 16, 2015 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар