Генҳои авлод аз дуромезишӣ тақвият меёбанд!
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Пайғамбари дини мубини Ислом Муҳаммад (с.а.с.) 1400 сол пеш таъкид карда буд, ки барои қавӣ гардонидани насли одамон онҳо бояд оилаҳоро аз намояндагони авлоду қавмҳои дур барпо бояд намуд, ки ин боиси солим ва хушнасл гардидани наслҳо гардад.
Инчунин дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани соли ҷорӣ ҳамчун Соли оила хеле ҷолиби диққат аст ва умед ба он меравад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон баҳри амалӣ гаштани ин ҳидоят ва бунёди оилаи мустаҳкаму тарбияи насли навраси солим дар ҷомеа қадамҳои ҷиддӣ ва устуворро хоҳад гузошт.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, асоси оиларо дар ҷомеаи башарӣ зану мард ташкил медиҳад. Дар оила пайдо гаштани кўдакҳои солим аз маҷмўи генҳои волидайн (падару модар) вобастагии калон дорад.
Пас ген чист ва роли он дар тақвияти организмҳо чӣ тавр маълум мегардад?
Калимаи генро аввалин маротиба дар илми биология ботаники машҳури даниягӣ Вилгелм Иогансен соли 1909 ҷорӣ намуд, баъд аз оне, ки дар соли 1906 Уилям Бэтсон калимаи генетикаро истифода кардааст. Аммо дар соли 1868 Ҷ. Дарвин генҳоро «геммула» номида буд, аммо дар соли 1889 Гуго де Фриз дар ин радиф калимаи «панген» -ро истифода бурдааст. Асосгузори илми генетика олими чех Г. Мендел буд, ки ҳанўз дар соли 1865, яъне 150 сол қабл аз ин асрори биологии генҳоро дар асоси таҷрибаҳояш бо роҳи дурагакунии лўбиёгиҳо кашф намудааст.
Мувофиқи маълумотҳои илми биологияи муосир ген аз калимаи юнонии genos, ки маънояш қавм ё ин ки пайдоиш аст, гирифта шудааст. Яъне генро асоси пайдоиши қавм, қабила, авлод номидан мумкин аст.
Ба ҳамин тариқ, тамоми организмҳои зинда бо шарофияти мавҷуд будани маҷмўи генҳо дар ҳуҷайраҳояшон метавонанд арзи вуҷуд дошта бошанд ва ҳаёти хешро гузаронанд. Яъне, генҳо ҳиссачаҳои хурдтарини молекулаҳои ДНК мебошанд, ки онҳо асоси ирсияти организмҳоро дар олами зинда муайян намуда, тамоми ҷараёни ҳаёт, хусусиятҳои зоҳирӣ (фенотип) ва ботинӣ (генотип)-и нишона ва хусусиятҳоро дар давоми филогенези ин ё он насл назорат менамоянд.
Вале агар мо нақшаи оддии зоҳиршавии нишонаҳои ирсиро бо таъсири генҳо тасвир намоем, он чунин аст, ки дар нақша оварда шудааст.
Бояд зикр намуд, ки тамоми генҳо дар хромосомҳо ҷойгир буда, аз молекулаҳои ДНК иборат мебошанд ва маҷмўи ин генҳоро генотипи организм меноманд.
Мувофиқи маълумотҳои олимон генотипи одам бештар аз 25 ҳазор генҳоро ташкил дода, бештар аз 3,3 млрд. нуклеотидҳо (молекулаҳои ДНК)-ро дар бар мегирад. Яъне, тамоми ҷараёни рушд ва нишонаю қобилияти инсон аз мавҷудияти ҳамин бештар аз 25 ҳазор гени дар 46 адади хромосомаҳо мафҳуз буда вобаста мебошад.
Дар вақти ҷуфтшавӣ ва пайдоиши ин 46 адад хромосома чӣ қадаре, ки насл аз авлоди аз ҷиҳати генетикӣ, географӣ ва экологиву минтақавӣ дур бошад, ҳамон қадар насли одамон тавоно, боқувват, зираку доно ва серҳаракат мегардад, ки ҳамаи ин нишонаҳоро дар илми биология зоҳиршавии қувваи гетерозис меноманд.
Моҳияти гетерозисро дар илм аввалин маротиба олими шинохта Дарвин дар соли 1862 тавсиф намудааст, ки маънояш калонҷуссагӣ ва сермаҳсулии наслҳои организмҳо нисбат ба волидайнашон мебошад. Инчунин вай нишон додааст, ки волидайн чӣ қадаре, ки аз ҷиҳати генетиқӣ аз ҳамдигар дур бошанд, авлод ё насли онҳо ҳамон қадар тавоно ва сермаҳсул мегардад, аммо ҷуфтшавии навъу намудҳои ба ҳам наздик боиси нотавониву ба ҳар гуна таъсирҳои берунӣ кам тобовар гаштани насл мегардад.
Дар асоси гуфтаҳои боло месазад, ки падарону модарони гиромиқадр дар вақти интихоби келину домодҳои хеш ба оиладоршавии хешу табори наздик роҳ надода, бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки оилаҳои навро аз қавму авлодҳои дигар маҳалу водиҳои Тоҷикистони азизамон интихоб намоянд. Ин пеш аз ҳама ба ҷавонону донишҷўёне, ки дар донишкадаҳо таҳсил менамоянд, мумкин бештар таалуқ дошта бошад. Дар пойтахти мамлакатамон имрўзҳо бо шарофати сиёсати созандаву омўзандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҳазорҳо духтарону писарони Ватан аз ноҳияҳо, водиҳо ва вилоятҳои гуногун ҷамъ омадаанду ба таҳсилу омўзиши касбу ҳунарҳои гуногун машғул мебошанд ва месазад, ки онҳо дар интихоби ҳамнафасҳои ҷониву ҳаётии хеш бисёр зираку дурандеш бошанд ва Худо кунад, ки онҳо ҳамсарони ояндаи худро аз минтақаҳои гуногуни мамлакат интихоб намоянд.
Гумон менамоем, ки дар натиҷаи ташкил намудани чунин оилаҳо аз минтақаҳои гуногуни мамлакатамон ба мо муяссар мегардад, ки генотипи фарзандону наберераҳоро боз ҳам аз ҳисоби генҳои нави аз ҷиҳати географию экологӣ аз ҳам дур боз ҳам тақвият дода, онро қавитар гардонем. Аз тарафи дигар дар вақти масалан, фарзанди диёри водии Ҳисори зарнисор ба худаш ҷавони муносибро аз Хатлонзамин интихоб кардан, ё ин ки ҷавонони раштонӣ бо бадахшонию ё ин ки зарафшониҳо бо вахшониҳо, ё ин ки чавонони минтақаи Кўлоб бо истаравшаниҳо ва ғайраву ва ҳоказо оилаҳои гуногунмаҳалро ташкил додан, дар ҷомеа насли наве, ки ҷаҳонбиниву урфу одатҳои ду минтақаро дорост, пайдо мегардад, ки ин насли ояндаро ба муттаҳидӣ, тавоноӣ ва мардонагӣ даъват карда, насл (генотип)-и навро пайдо гардонида, малакаи насли наврасро нисбат ба маҳалгароӣ ва маҳалчигӣ хеле коҳиш дода, ватандорӣ, муттаҳидии онро боз ҳам қавӣ ва мустаҳкам мегардонад. Агарчанде мутахассиси бахши демографӣ набошам ҳам, мехоҳам як мисоли дигарро ба хонандагони муҳтарам ёдовар шавам, ки ба андешаи банда дар сарзамини Тоҷикистони азизамон дар солҳои пешин кулли оилаҳое, ки онҳо аз намояндагони дигар миллату халқиятҳои дуравлод пойдевор гузоштаанд, фарзандоне ба дунё омадаанд, ки бештари чунин фарзандон ҳамчун донишмандон, олимон, шоиру нависандагону бисёр ҳам шахсони муътабари ҷомеа тарбия ёфта, ба камол расидаанд, ки онҳо ифтихори кишвари азизамон мебошанд. Инро дар мисоли яке аз олимони машҳури олам Абуалӣ ибни Сино гуфтан мумкин аст, ки падари он кас аз Балх ва модарашон аз Бухоро буд.
Бинобар ин аз ҷавонон ва волидайни мухтарам хоҳиш мешавад, ки дар тақвият бахшидани насли солими миллат бо роҳи омезишу сайқал додан, бо роҳи бунёди оилаҳои нав дар асоси омезиши дуравлодӣ, дурминтақавӣ, дурандешагӣ, дурхунӣ ва дургении биологии наслҳои ояндаи кишварамон ташаббускор бошанд.
Як масъалаи дигарро низ бояд ёдовар гашт, ки дар деҳот қариб тамоми пиру ҷавон бегоҳиҳо ва рўзҳои намози ҷумъа дар масҷидҳо ҷамъ меоянд ва бисёр хуб мешуд, ки дар чунин ҷамъомадҳо муллоҳои муҳтарам аз панду ҳадисҳои Қуръони шариф мисолҳо оварда, ба волидайн ва ҷавонон оид ба ташкил намудани оилаҳои дуравлодӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд, зеро ки оилаҳои наздикавлоду никоҳи хешу табори наздик бештар дар деҳот ба амал меоянд ва тифлони касалманду заиф аз ин иллат ба дунё меоянд.
Инчунин месазад, ки дар мактабҳо, литсейҳо, омўзишгоҳҳо ва донишгоҳҳои кишвар оид ба пайдоиши оилаҳои нав дар асоси нишондодҳои илми биология дар оянда омўзишҳо гузаронида шаванд ва ин дар тақвият бахшидани мафкураи ҷавонон зимни таъсиси оилаҳои мустаҳкам, рушду нумуи ҷомеаи солими кишвари азизамон дар оянда, ки ин аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Тоҷикистон бармеояд, кумаки калоне мебуд.
Бигузор фарзандони далеру ватандўсту солими наслҳои ояндаи халқамон аз гену хуну пўсти гуногуномезиш дар оилаҳои солим тақвият ёбанду як умр соҳибмулкони аслии ин сарзамини ҷаннатосо бошанд!
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ – доктори илмҳои кишоварзӣ,
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.