Ташаккули тафаккури илмӣ

Март 12, 2015 16:25

Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-11 март дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи донишҷўёни  муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кори худ шуруъ намуд. Олимпиадаи мазкур дар Академияи илмҳо соли дуюм аст, ки доир мешавад.    
Ба иттилои котиби матбуоти АИ ҶТ Латиф Латифов президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки мақсади асосии олимпиада баланд  бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши илмҳои муосир, шиносоии бештари донишҷӯён бо кашфиёти нави илмӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии донишҷӯён, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, баёни озодонаи фикр, аз худ намудани технологияи информатсионӣ, ҳамчунин муайян намудани донишҷӯёни болаёқат бо мақсади тавсияи минбаъда барои таҳсил дар аспирантура ва магистратура, таҳқиқоти илмӣ ҷалб намудани онҳо мебошад.
 Олимпиада аз рӯи соҳаҳои зерини илм гузаронида мешавад: математика, физика, астрономия, химия, геология, технологияи иттилоотӣ, биология, иқтисодиёт, забон ва адабиёт, таърих, ҳуқуқ ва фалсафа.
Тибқи Низомнома даври якуми Олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар даври дуюми он, ки дар Академияи илмҳо гузаронида мешавад, ғолибони ҷойи якум аз рӯи соҳаҳои зикршудаи илм иштирок менамоянд. 
Барои ғолибони Олимпиада дар ҳар як соҳаи илм 3 ҷой муқаррар шудааст. Ба ғолибони ҷойи якум дар ҳар як соҳаи илм диплом ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба ғолибони ҷойҳои 2 ва 3 дипломҳо супорида мешавад. 
Даври дуюми Олимпиада 11 март доир гардида, 12 март олимпиада аз рӯи соҳаҳои илм дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳо гузаронида шуда,  13 март  натиҷаҳои он ҷамъбаст мешавад. Дар даври дуюми Олимпиада  аз 25 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 300 нафар ғолиби даври якуми он штирок дорад. 
 

Март 12, 2015 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд