Вазъи татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ
Душанбе, 06.05.2015 (АМИТ «Ховар»).-4 марти соли 2015 дар Маркази Идораи Лоиҳаҳои Бахши Энергетикӣ (МИЛБЭ), машварати кории муовини Сарвазир Азим Иброҳим бо роҳбарон, кормандон ва машваратчиёни лоиҳаҳои энергетикӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки энергетика аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ба шумор меравад ва лоиҳаҳое, ки дар ин бахш амалӣ мегарданд, зери назорати доимии Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, вобаста ба ин зарур аст, ки онҳо дар мўҳлатҳои муқарраргардида, бо сифати баланд ва дар доираи маблағҳои пешбинишуда иҷро гарданд.
Тамдид намудани мўҳлати иҷрои лоиҳаҳо набояд ба касбияти мутахассисони маҳалӣ ва мушовирони хориҷӣ вобастагӣ дошта бошад, чунки ин омил ба самаранокӣ ва афзудани арзиши лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад, ки қобили қабул нест
Айни замон тавассути Марказ (МИЛБЭ), 9 лоиҳа бо шарикони рушд дар ҳудуди 900 млн. доллари ИМА амалӣ гардида истодааст. Бешубҳа амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо ба барқарор ва солим гардонидани системаи барқтаъминкунӣ, баланд бардоштани сифати таъмини барқ ба муштариён ва паст кардани талафоти нерўи барқ оварда мерасонанд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва МИЛБЭ вазифадор мебошанд, ки ба самаранокиии неругоҳҳои хурду миёна диққати махсус диҳанд. Аз нерўгоҳҳои хурду миёнаи сохташуда дар фасли зимистон шумораи ками онҳо бо иқтидори нопурра фаъолият мекунанд. Коэфитсиенти фоиданокии фаъолияти аксарияти онҳо дар ин фасл аз 30 то 40 фоизро ташкил медиҳад, ҳоло он ки барои сохтмони ҳамаи онҳо расмиётҳои зарурии лоиҳакашӣ ва ташхис гузаронида шуда буданд. Минбаъд зимни таҳияи лоиҳаҳои НБО-ҳои хурду миёна ба паҳлуҳои асосӣ он, ҳаҷми об, ҷоришавию воридшавии об ба нерўгоҳҳо дар фасли зимистон диққати махсус бояд дода шавад ва лоиҳаҳое ки самаранокии онҳо дар фасли зимистон паст мебошанд танҳо вобаста ба зарурият баррасӣ гарданд.
Масъалаи дигари нигаронкунанда ин 17-18% талафоти солонаи нерўи барқ мебошад. Тибқи мониторинги самаранокии истифодаи барқ, талафот на дар самти ХИБ-и 500, 220, 110 кВт, балки маҳз дар мавзеъҳое, ки омили таъсири беруна зиёд мебошад, сурат мегирад, яъне агар як сабаб кўҳнаю фарсуда будани хатҳои интиқоли барқ бошад, сабаби дигар ин омилҳои вобаста ба инсон мебошанд, ки дар дар гузаргоҳҳои тақсимкунандаи 10/04 кВт ба вуқўъ мепайванданд. Айни замон ин масъала зери омўзиш қарор дода шуда, бевосита бо ҷалби мутахассисони касбӣ таҳқик шуда истодааст, ки натиҷаҳои мунтазираи он метавонад ба ин мушкилот равшанӣ андозад. Ҳамзамон бо мақсади бартараф намудани мушкилотҳои ин соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро амалӣ гардонида истодааст, ки мақсади асосии онҳо беҳтар намудани вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», беҳтар намудани сифати барқи ба муштариён интиқолшаванда, кам намудани талафотҳои техникӣ ва тиҷоратӣ, таҷдиди шабакаҳои барқӣ ва кам намудани шумораи садамаҳо мебошад. Бо ин мақсад дар соли 2015 дар доираи лоиҳаҳои амалӣ шудаистода илова ба корҳои анҷомшуда, ҷорӣ намудани системаи биллинг, васл намудани 40 ҳазор ҳисобгиракҳо дар ш. Душанбе ва 97 ҳазори дигар дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Муовини Сарвазир аз сифати корҳои Ширкати «АLSTOM Grid GmbH» (Олмон) дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсим-кунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак», ки бо гранти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардида истодааст ёдовар шуда, қайд намуд, ки Лоиҳа тавонист маблағи муаянеро сарфа намояд, ки қобили дастгирист.
Дар интиҳои машварати корӣ, муовини Сарвазир бори дигар таъкид намуд, ки лоиҳаҳои энергетикӣ бояд дар мўҳлати лоиҳавӣ, дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва бо сифати хуб анҷом дода шаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






