Вазъи татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ

Март 6, 2015 15:41

Душанбе, 06.05.2015 (АМИТ «Ховар»).-4 марти соли 2015 дар Маркази Идораи Лоиҳаҳои Бахши Энергетикӣ (МИЛБЭ), машварати кории муовини Сарвазир Азим Иброҳим бо роҳбарон, кормандон ва машваратчиёни лоиҳаҳои энергетикӣ баргузор гардид. 
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки энергетика аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ба шумор меравад ва лоиҳаҳое, ки дар ин бахш амалӣ мегарданд, зери назорати доимии Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, вобаста ба ин зарур аст, ки онҳо дар мўҳлатҳои муқарраргардида, бо сифати баланд ва дар доираи маблағҳои пешбинишуда иҷро гарданд. 
Тамдид намудани мўҳлати иҷрои лоиҳаҳо набояд ба касбияти мутахассисони маҳалӣ ва  мушовирони хориҷӣ вобастагӣ дошта бошад, чунки ин омил ба самаранокӣ ва афзудани арзиши лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад, ки қобили қабул нест
Айни замон тавассути Марказ (МИЛБЭ), 9 лоиҳа бо шарикони рушд дар ҳудуди 900 млн. доллари ИМА амалӣ гардида истодааст. Бешубҳа амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо ба барқарор ва солим гардонидани системаи барқтаъминкунӣ, баланд бардоштани сифати таъмини барқ ба муштариён ва паст кардани талафоти нерўи барқ оварда мерасонанд. 
Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва МИЛБЭ вазифадор мебошанд, ки ба самаранокиии неругоҳҳои хурду миёна диққати махсус диҳанд. Аз  нерўгоҳҳои хурду миёнаи сохташуда дар фасли зимистон шумораи ками онҳо бо иқтидори нопурра фаъолият мекунанд. Коэфитсиенти фоиданокии фаъолияти аксарияти онҳо дар ин фасл аз 30 то 40 фоизро ташкил медиҳад, ҳоло он ки барои сохтмони ҳамаи онҳо расмиётҳои зарурии лоиҳакашӣ ва ташхис гузаронида шуда буданд. Минбаъд зимни таҳияи лоиҳаҳои НБО-ҳои хурду миёна ба паҳлуҳои асосӣ он, ҳаҷми об, ҷоришавию воридшавии об ба нерўгоҳҳо дар фасли зимистон диққати махсус бояд дода шавад ва лоиҳаҳое ки самаранокии онҳо дар фасли зимистон паст мебошанд танҳо вобаста ба зарурият баррасӣ гарданд. 
Масъалаи дигари нигаронкунанда ин 17-18% талафоти солонаи нерўи барқ мебошад. Тибқи мониторинги самаранокии истифодаи барқ, талафот на дар самти ХИБ-и 500, 220, 110 кВт, балки маҳз дар мавзеъҳое, ки омили таъсири беруна зиёд мебошад, сурат мегирад, яъне агар як сабаб кўҳнаю фарсуда будани хатҳои интиқоли барқ бошад, сабаби дигар ин омилҳои вобаста ба инсон мебошанд, ки дар дар гузаргоҳҳои тақсимкунандаи 10/04 кВт ба вуқўъ мепайванданд. Айни замон ин масъала зери омўзиш қарор дода шуда, бевосита бо ҷалби мутахассисони касбӣ таҳқик шуда истодааст, ки натиҷаҳои мунтазираи он метавонад ба ин мушкилот равшанӣ андозад. Ҳамзамон бо мақсади бартараф намудани мушкилотҳои ин соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро амалӣ гардонида истодааст, ки мақсади асосии онҳо беҳтар намудани вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», беҳтар намудани сифати барқи ба муштариён интиқолшаванда, кам намудани талафотҳои техникӣ ва тиҷоратӣ, таҷдиди шабакаҳои барқӣ ва кам намудани шумораи садамаҳо мебошад. Бо ин мақсад дар соли 2015 дар доираи лоиҳаҳои амалӣ шудаистода илова ба корҳои анҷомшуда, ҷорӣ намудани системаи биллинг, васл намудани 40 ҳазор ҳисобгиракҳо дар ш. Душанбе ва 97 ҳазори дигар дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. 
 Муовини Сарвазир аз сифати корҳои Ширкати «АLSTOM Grid GmbH» (Олмон) дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсим-кунандаи пўшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак», ки бо гранти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардида истодааст ёдовар шуда, қайд намуд, ки Лоиҳа тавонист маблағи муаянеро сарфа намояд, ки қобили дастгирист.
 Дар интиҳои машварати корӣ, муовини Сарвазир бори дигар таъкид намуд, ки лоиҳаҳои энергетикӣ бояд дар мўҳлати лоиҳавӣ, дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва бо сифати хуб анҷом дода шаванд.

Март 6, 2015 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд