Дастгирии БМТ аз нафароне, ки бо $ аз бонкҳо қарз гирифтаанд

Апрель 15, 2015 10:28

Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади таъмини устувории бозори дохилии асъор, суботи қурби сомонӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҳифзи манфиатҳои мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намуд, ки аз 21 марти соли 2015 сар карда қурби фурӯши асъори хориҷӣ барои мизоҷон-шахсони воқеие, ки фоиз ва қарзи асосии асъории худро бо сомонӣ тавассути мубодила пардохт менамоянд, набояд аз қурби фурӯши асъори нақди хориҷие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар мешавад, баланд бошад. 
Дар баробари ин, талабот ба миён гузошта шудааст, ки қурби асъори хориҷии аз муштариён ва ё аз бозори байнибонкии дохилӣ харидашуда бояд бо қурби на зиёдтар аз қурби хариди он ҷамъ то 1,0 (як) фоиз барои асъори ғайринақдӣ ва то 1,5 (якуним) фоиз барои асъори нақдӣ фурӯхта шавад. 
    Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк,  аз 12 марти соли 2015 мутахассисони идораҳои дахлдори БМТ  барои санҷиши ҳолати риояи талаботи масъалаи мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ, филиал ва дигар воҳидҳои сохтории онҳо сафарбар шуданд. Дар ҳолати ошкор гардидани вайронкуниҳои талабот нисбат ба нуқтаҳои мубодилаи асъор чораҳои таъсиррасонӣ андешида мешаванд.    
Тибқи омори мавҷуда дар соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ маблағи 8,444 млн. сомонӣ, аз ҷумла бо пули миллӣ 3,715 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,729 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он барои соҳибкорон 3,472 млн. сомониро ташкил медиҳад. 
    Илова бар ин дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмуъ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маблағи 1,077 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз он 435, 7 млн. сомониро пули миллӣ ва 641, 1 млн. сомониашро асъори хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра ба соҳибкорон 522 2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст. 

Апрель 15, 2015 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст