Лукашенко мавҷуд набудани нақшаҳои муттаҳидсозии Белоруссия бо Русияро изҳор дошт

Апрель 3, 2015 12:32

Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Белоруссия  ҳаргиз ҷузъи  Русия  намешавад ва  роҳбарияти  Русия ҳаргиз чунин  масъалагузорӣ  накарда буд,  гуфт президенти  ҷумҳурӣ  Александр  Лукашенко  зимни мусоҳиба бо  Bloomberg. Суханони  ӯро  БЕЛТА иқтибос овардааст. «Мо давлати соҳибихтиёру  мустақил  будем,  ҳастем ва  боқӣ мемонем», —  зикр  намуд   роҳбари  Белоруссия.
«Путин  ҳаргиз  дар  назди  ман  чунин  масъалагузорӣ  накарда буд: гӯш  кунед,  шумо  биёед  истиқлолияти  худро  фаромӯш  кунед, шумо  губернияи  Федератсияи  Русия  мешавед. Ӯ  медонад, ки  ман инро  чӣ  гуна  қабул  мекунам. Бинобар  ин  ҳаргиз  ин гуна  масъалагузорӣ  нашуда буд», — афзуд  Лукашенко.
Мувофиқи  суханони  ӯ,   дар  Русия  бисёр сиёсатмадороне  ҳастанд, ки  аз  мавқеъҳои  императорӣ  фикр  карда,  Белоруссияро  «як навъ кишвари шимолу  ғарбӣ» мешуморанд. «Мо  ба  ин ҷавоби  мушаххас  медиҳем: мо кишвари  шимолу  ғарбӣ  намешавем. Тавре  ки  ман  мефаҳмам,    бо  Русия ҳаргиз ихтилофот  намекунем!», — зикр намуд  президенти  Белоруссия.
Лукашенко  ҳамчунин  хабар  дод, ки маротибаи  охир  баъди  як  соли  интихоботи  президент  дар  Русия бо  президенти  ФР  Владимир  Путин  дар  ин  мавзӯъ гуфтугӯ  карда буд. «Ва  ба  ман  хуш  омад,  вақте ӯ (Путин — шарҳи «Лента.ру») чунин  гуфт (воқеан, ин ҳанӯз   пеш  аз  ихтилофот дар  Украина буд): «Ба  мо  лозим  нест, ки  ягон  кишвар, аз ҷумла Беларусро  ба худ мутеъ  созем ва  забт  кунем, Беларус  кишвари  муътадил  буда,  рушд  меёбад, давлати  миёнаҳоли Аврупо  аст (айнан мегӯям), муносибатҳои  дӯстона  дорад. Шумо ҳаргиз ба  ягон  хел принсипҳои  Федератсияи  Русия  қасди  бад  намекунед. Ба  мо  боз чӣ  лозим аст? Шумо дар  хонаи  худ зиндагӣ  мекунеду  мо  дар  хонаи  худ, вале  мо  ҳамзамон  бародарем,  мо хешу  таборем, мо ба  хонаи  якдигар  меҳмонӣ  меравем». Ана  ҳамин  хел муҳокимаронӣ  буд. Ба  фикрам,  муқаррарӣ  буд», —  зикр намуд  Лукашенко.
Ба  ақидаи  президенти  Белоруссия,  Русия  ҳаргиз зидди  кишвари  ӯ ҷанг  намекунад,  зеро  барои  ин  сабабе  нест. Вале  ӯ дар  баробари  ин  зикр  намуд, ки   ба  ибораи «Касе, ки  бо  шамшер  сӯи  мо  меояд,  бо шамшер  кушта  мешавад» комилан  розӣ  аст. «Мо  зидди аврупоиҳо, амрикоиҳо, русиягиҳо — касе, ки  набошад, ҷанг  мекунем, агар  онҳо  ба  даст  овардани ин порчаи заминеро, ки  белорусҳо  бояд дар  он зиндагӣ  кунанд, мақсади  худ қарор  диҳанд», — гуфт  дар  хотима  Александр  Лукашенко.
Ӯ чунин  мешуморад, ки  таънаи  дахолат  ба  корҳои  дохилии  кишварҳои ҳамсояро метавон ба  амрикоиҳо ва Иттиҳоди  Аврупо  нисбат   дод, аз ҷумла  вобаста ба  амалиёти онҳо  дар  Либиё,  Ироқ ва дигар ҷойҳо. Роҳбари  давлати Белоруссия ҳамчунин афзуд, ки  баъди воқеаҳои  Украина  муносибатҳои  Белоруссия  бо Русия  ҳаргиз  тағйир  наёфтаанд.
 

Апрель 3, 2015 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид