Муҳоҷирон соҳиби замин шуданд

Апрель 27, 2015 11:05

Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А.Қодирӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минтақаҳои камзамини ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) идома дорад. 
Дар асоси супориши сардори Раёсати  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳафтаи гузашта сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи Хуросон сафар намуд.
Мақсад аз  сафари корӣ  ба ноҳияи Хуросон шинос шудан бо вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоташон мебошад. 
Дар  доираи ин сафар 15 оилаи муҳоҷири дохилии ноҳияи Айнӣ ва 21 оилаи муҳоҷири ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соҳиби қитъаи замин барои бунёди манзил шуд. 
Раёсат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик боз гурӯҳҳои кориро ба ноҳияи Хуросон сафарбар намояд. 
 

Апрель 27, 2015 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд