Оғози бунёди маҷмааи корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳияи Данғара
Душанбе, 24.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корез оғоз ёфт.
Дар деҳаи Ҳусейншайх бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони корхонаи масолеҳи сохтмонии Дарё-2015 дар фазои тантанавӣ шуруъ гардид.
Чунонки иттилоъ доданд, корхона дорои коргоҳҳои зиёд барои истеҳсоли қуми шуста, шағал, масолеҳи бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, болопӯшҳои тунукагии бомҳо, сафолҳои роҳрав, симтур, ҷамъ 12 намуд масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра мебошад. Коргоҳи қуми шуста ва шағали корхона, ки бо технологияи навтарини соҳа бунёд меёбад, нахустин чунин корхона дар минтақа буда, тибқи лоиҳа, дар як соат то 240 тонна қуми шустаю шағал тавлид хоҳад кард. Тибқи нақша ин корхонаҳо моҳи июли соли равон бояд ба кор дароянд.
Дар давраи сохтмони ин коргоҳҳо 100 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш 240 кас бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ 55 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Дар ҳудуди корхона, ки дар майдони қариб 30 га ба як маҷмааи калони саноатию кишоварзӣ табдил хоҳад ёфт, ҳамчунин коргоҳҳои дӯзандагӣ, равғанкашӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ва ҳам ҳавзи моҳипарварӣ бунёд хоҳад ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон баҳои баланд дод, зеро то ин вақт дар ноҳияи Данғара чунин корхона вуҷуд надошт ва ин гуна масолеҳи сохтмон аз роҳҳои дур кашонда мешуд. Изҳори бовар карда шуд, ки ба кор даромадани ин корхона ва наздик шудани масофаи манбаи масолеҳ арзиши аслии корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа камтар мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






